Соли 2023 дар Тоҷикистон “Соли забони русӣ” эълон шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро “Соли забони русӣ дар Тоҷикистон” эълон кард.

Сарвари давлат дар ин бора тавассути видеоконфронс бо Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт. Гуфтугӯи ду президент дар чаҳорчӯби ифтитоҳи панҷ мактаби нави русӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он ҳама таълим ба забони русӣ сурат мегирад.

Президенти Русия, ки дар Рӯзи дониш ба вилояти Калининград сафар кардааст, тавассути пайванди видеоӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ширкат кард.

Раҳмон аз Путин барои ҳимоят аз бунёди мактабҳои русӣ дар кишвар изҳори сипос кард ва раҳбари Русия аз ифтитоҳи қарибулвуқуъи Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода ва Хуҷанд мактабҳои аз ҷониби Федератсияи Русия сохташуда бо таълими русӣ кушода мешаванд. Барномаи таълимӣ дар онҳо махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда мешавад ва дар макотиб муаллимони русе, ки аллакай ба ҷумҳурӣ омадаанд, дарс медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *