Соли 2025 киро комёб мекунаду киро шикаст медиҳад?
Муш (2020, 2008, 1996, 1984, 1972, 1960, 1948, 1936)
Соли 2025 барои зодагони мучали Муш устуворӣ ва имкониятҳои хубро ваъда медиҳад. Аз таҳти дил меҳнат карда, натиҷаашро аввали сол мебинед. Эҳтимол шахсони соҳибвазифа ва роҳбарон дар корҳоятон дастгирӣ мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор будан муҳим аст, эҳтимолияти рух додани тағйироти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Барои шиносоиҳои нав ва мустаҳкам сохтани муносибатҳои ошиқона соли хуб аст.
Бақар (2021, 2009, 1997, 1985, 1973, 1961, 1949, 1937)
Соли нав барои зодагони мучали Бақар имкониятҳои зиёди мусоидро пешкаш мекунад. Ҳамкории бомуваффақият барои оғози корҳои нав ва лоиҳаҳое, ки даромади хуб меоранд, кумак мекунад. Соли беназирест барои пешбурди идеяҳои тиҷоратӣ ва нақшаҳои корӣ. Дар касбу кор ва тиҷорат ба шарте муваффақ мегардед, ки тавозунро нигоҳ дошта, имкониятҳои мувофиқро истифода баред. Дар ҷодаи муҳаббат ва муносибатҳои шахсӣ тағйироти бузург рух намедиҳад.
Паланг (2022, 2010, 1998, 1986, 1974, 1962, 1950, 1938)
Соли 2025 барои зодагони мучали Паланг ҳам имкониятҳои хуб ва ҳам мушкилотро пеш меорад. Дар муносибатҳои ошиқона душвориҳо сар зананд ҳам, дар касбу кор ва вазъи молиявӣ муваффақиятҳо имкон доранд. Агар аз тамоми баҳсу мунозираву муноқишаҳо дурӣ ҷӯед, корҳоятон хеле хуб ҷараён мегиранд. Нофаҳмӣ ва ихтилофҳоро дар зиндагии шахсӣ бо самимият ва ростқавлӣ бартараф карда метавонед.
Харгӯш (2023, 2011, 1999, 1987, 1975, 1963, 1951, 1939)
Фаъолнокӣ ва заҳматписандиятон дар касбу кор натиҷаи хуб медиҳад, роҳбарон кӯшишҳои шуморо эътироф ва қадр мекунанд. Пешравӣ дар ҷодаи касбӣ ва зиёд шудани ҳаҷми маош имконпазир аст, бахусус агар шумо дар як корхонаи калон кор кунед. Вазъи молиявиатон устувор хоҳад буд, аммо хароҷоти худро назорат кунед. Бо вуҷуди бад будани ҳолати руҳиятон муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам хоҳанд шуд.
Наҳанг (2024, 2012, 2000, 1988, 1976, 1964, 1952, 1940)
Аввали сол бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ шуданатон имконпазир аст, аммо то фарорасии фасли баҳор мушкилиҳо ҳал мешаванд. Дар касбу кор тағйироти мусбат имконпазир аст, ки боиси пешравиҳо мегарданд. Барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ нақшабандӣ ва эҳтиёткорӣ муҳим аст. Соли нав барои ошиқон ва оиладорон имкониятҳои хубро пеш меорад. Нафарони муҷаррад метавонанд муҳаббати худро пайдо кунанд.
Мор (2025, 2013, 2001, 1989, 1977, 1965, 1953, 1941)
Соли 2025 барои зодагони мучали Мор душвор меояд, вале имкониятҳои хубе барои рушди касбӣ ва беҳтар сохтани вазъи молиявӣ фароҳам меояд. Барои беҳтар сохтани вазъият ба ҳадафҳои дарозмуддат диққат диҳед ва эҳтиёткор бошед. Нисбати наздикон ва аҳли оила меҳрубонии бештар зоҳир намоед. Дар соли нав мушкилоти мавҷударо дар ҳаёти шахсӣ пурра бартараф карда метавонед.
Асп (2026, 2014, 2002, 1990, 1978, 1966, 1954, 1942)
Соли 2025 барои зодагони мучали Асп устуворӣ ва шукуфоӣ меорад. Пешравиҳо дар касбу кор зиёд мешаванд, бахусус барои эҷодкорон соли мусоид аст. Барои ба даст овардани муваффақият бояд бештар омӯзед ва дониши худро такмил диҳед. Дар маҷмуъ соли бобарор аст, вале дар муносибатҳои шахсӣ баъзе мушкилот эҳтимол дорад. Нисбати саломатӣ диққати бештар зоҳир карданатон лозим аст.
Гӯсфанд (2027, 2015, 2003, 1991, 1979, 1967, 1955, 1943)
Соли 2025 барои зодагони мучали Гӯсфанд нисбатан ором хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, дар давоми сол баъзе мушкилоти касбӣ ё бо саломатӣ алоқаманд ба вуҷуд меоянд. Имконияти мусоиди ба даст овардани маблағи хуб дар назар аст, онро аз даст надиҳед. Вақте расидааст, ки дар зиндагӣ мустақил шуда, аз зери таъсири дигарон берун шавед. Бо нафаре шинос мешавед, ки назари шуморо дар зиндагӣ комилан тағйир медиҳад.
Ҳамдуна (2028, 2016, 2004, 1992, 1980, 1968, 1956, 1944)
Соли нав барои зодагони мучали Ҳамдуна гуногунҷабҳа хоҳад буд, моҳҳои оянда на танҳо имкониятҳои гуногун, балки баъзе монеаҳоро низ пеш меоранд. Шумо дар соҳаи касбӣ рушд хоҳед кард, аммо эҳтимолан аз нороҳатиҳо дар ҷои кор комилан канорагирӣ кардан номумкин мешавад. Қарорҳои оқилона метавонанд даромадатонро зиёд кунанд. Дар муносибатҳои шахсӣ лаҳзаҳои бисёри хушбахтӣ интизор аст, аммо мушкилот низ истисно намешаванд.
Мурғ (2029, 2017, 2005, 1993, 1981, 1969, 1957, 1945)
Соли нав барои онҳое, ки дар мучали Мурғ тавлид ёфтаанд, пур аз тағйироти мусбат ва имкониятҳои зиёд хоҳад буд. Дар касбу кор муваффақ мегардед. Шиносоии нав, робитаҳои судманд ва дастгирии шахсони бонуфуз ва роҳбарият шуморо интизоранд. Барои нафароне, ки то ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, муносибатҳои нави ошиқона пешбинӣ мешавад ва пӯшидани ангуштарии никоҳӣ насибатон мегардад.
Саг (2030, 2018, 2006, 1994, 1982, 1970, 1958, 1946)
Барои намояндагони мучали Саг соли 2025 дар ҳама кор устуворӣ ваъда медиҳад ва вақти амалӣ шудани муроду мақсад аст. Санҷишҳои соли гузашта ба охир мерасанд, дар касбу кор шуморо пешравиҳои назаррас ва рушди касбӣ пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, тавсия дода мешавад, ки дар масъалаҳои ошиқона, ҳаёти шахсӣ ва вазъи молиявӣ эҳтиёткор бошед. Барои онҳое, ки танҳо ҳастанд, соли нав барои пайдо кардани муҳаббат хеле мусоид хоҳад буд.
Хубон (2031, 2019, 2007, 1995, 1983, 1971, 1959, 1947)
Барои мучали Хубон соли 2025 бо душвориву монеаҳояш мушкил меояд. Дар баробари ин, рӯйдодҳои зиёде рух дода, ҷиҳатҳои манфии солро сабук мекунанд. Дар кор, тиҷорат ва соҳаи касбӣ фаъол ва серҳаракат бошед. Сафарҳои корӣ муваффақият ва фоида меоранд. Дар масъалаҳои молиявӣ аз амалиётҳои хатарнок худдорӣ намоед, зеро аз даст додани маблағи калон эҳтимол дорад. Дар зиндагии шахсиятон навигарӣ рух медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ