Соли болоравии нарх: Иштибоҳ дар омору бозор аст ё сохтор?
Соли 2019 баъд аз чанд рӯз сипарӣ мешавад. Ин сол дар баробари доштани дастовард аз камбудиҳо низ орӣ набуд. Аксарият 2019-ро соли болоравии нархи хизматрониҳои маишӣ, маҳсулоти ниёзи аввал, афзоиши ҳаннотон дар бозор унвон карданд.
Оҷизӣ дар пешгирии нарх
Нархи обу барқ, маҳсулоти хӯрока: аз орду шакар сар карда, то гӯшту шир майли болоравӣ доштанд. Бозори ин хизматрасониҳо масали “буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу”-ро ба ёд меовард. Дар ҳамин шабу рӯзи соли гузашта як халта орди навъи якум 150-60 сомонӣ-ҳоло 210-230 сомонӣ, 1 кг гӯшт 36-40 сомонӣ-ҳоло 52-60 сомонӣ, 1 литр шир 3-3,50 сомонӣ-ҳоло 4,5- 5 сомонӣ…
Уффф… Аз идома додани ин рӯйихатдилгир шудам … Оё боре ба худ суол додаед, ки нархи кадом намуди маҳсулот, хизматрасонӣ дар Тоҷикистон дар як соли охир паст шуд? Не! Ҳама чиз ба маҷрои худ равон аст. Дар мавриди нархи таҳсилу чиптаҳои ҳавопаймо бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Аммо дар пасманзари ин ҳама сохторҳои марбута чӣ тадбире андешиданд? Хомушӣ! Пурсед, ба таврашон асос меоранд: таъсири омилҳои беруна ва қурби доллар. Аҷиб, ба обу барқ ва ширу чаккаю “зелен”-и бозор ин чӣ иртибот дорад?
Боз Вазорати молия дар соли 2020 қурби 1 долларро 10,66 пешбинӣ кардааст. Яъне, 100 доллар баробар ба 1066 сомонӣ мерасад. Ҳушдор ва савдогарону ҳаннотон: ин танҳо пешбинии ниҳоди молиявии кишвар аст. Боз инро дастаку пештозӣ карда, нархро ба осмони ҳафтум набароред! Зеро шумо одат кардаед-ку? Ҳар чӣ омад, бар сари доллар ҳавола мекунед.
Ҷайби холию нархҳои дандоншикан
Дирӯз як ҳамкасбам ҳодисаи аҷиберо нақл кард. Ӯ нисфирӯзӣ барои тановули хӯрок меравад. Баъди ҳисобу китоб мушоҳида мекунад, нархи хӯроки истеъмолкардааш тағйир ёфтааст.
Ба соҳиби ошхона суол мекунад, ки чаро зиёд ҳисоб мекунӣ? Медонед, дар посух соҳиби ин ошхона чӣ мегӯяд?Нархи орду равған, гӯшту биринҷ боло рафт. Магар огоҳ нестед? Зимнан, ин ҷо Душанбе аст. Дар ҷавоб мизоҷ танҳо “раҳмат” мегӯяду баромада меравад.
Ҳодисаи дигаре, ки дар охири сол ба амал омад, арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон қариб 20% гарон шуд. Ин боз зарба ба зиндагии мардум, махсусан қишри осебпазири ҷомеа, ки рӯзгори худро бо як машаққат ба пеш мебаранд. Ин навъи сӯзишворӣ, ки аз он беш аз 60%-и мошинҳо дар Тоҷикистон истифода мекунанд, аввали моҳ бо нархи 3,30 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешуд, вале имрӯз нархи он аз 4 сомонӣ ҳам гузашт.
Ҳарчанд болоравии арзиши газро фурӯшандагон ба афзоиши нархи яклухти он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд, аммо монополия шудани ин бозор далели исботшуда аст. Ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад.Аммо муаммост, чаро аз Ӯзбекистон, ки кишвари ҳамсояи мост, газ ворид намешавад?
Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳамсояи наздик аз хеши дур болотар аст” ва агар мо ин сӯзишвориро аз Ӯзбекистон ворид менамудем, шояд раҳме бар мо мекарду нархро нисбати Қазоқистон поёнмебурд. Яъне, ин як навъ алтернатив ва боиси пайдо шудани рақобат дар бозор мегардид.
2019: Арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ 10,1% боло рафт
Бо вуҷуди афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ нархҳои онҳо бамаротиб боло рафтанд. Дар 11 моҳи соли 2019, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ наздики 5 млрд. сомонӣ (($515 млн.)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5% ва ё 588,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 20,1%-ро ташкил дода, қариб ба 35%-и маҳсулоти саноати коркарди ҷумҳурӣ баробар мебошад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ – 27,3%, коркарди намаки ошӣ – 24,8%, нӯшокиҳои бе спирт – 20,8%, истеҳсоли гӯшт – 21,6%, маҳсулоти шири холис – 4,3, нон ва маҳсулоти нонӣ – 1,2%, маҳсулоти ҳасибӣ – 13,3%, истеҳсол ва бастабандии равғани рустанӣ – 16,6%, консерваҳои меваю сабзавот – 13%, меваи хушк – 16% ба вуҷуд омадааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ тайи соли охир ба андозаи 10,1% боло рафт.Бештар нархи гӯшт — 22,6%, маҳсулоти нонӣ -17,5%, сабзавот — 12,7%, шир ва маҳсулоти ширӣ — 3,3%, тухм — 1,9% ба таври назаррас боло рафт.
Пас, ин амали арифметикиро кӣ мефаҳмад, ки маҳсулот зиёд шаваду нарх боло равад? Иштибоҳ дар омору бозор аст ё сохтор? Танҳо ҳаминро мегӯем, ки дар соли 2020 Худо аз ин бад накунад…
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ