Соли нав ҳаётамро сӯхт
Соли гузашта рӯзи Соли нав амакам занг зада, моро ба хонааш таклиф кард. Ҳамон саҳар падару модарам барои кадом як масъалаи ночиз баҳсу бар карда буданду очаам қаҳр карда, ба хонаи амакам рафтан нахост.
Падарам бояд ба базми солинавии ҳамкоронаш мерафт, аз ҳамин хотир, аз ман хоҳиш кард, ки ба хонаи амакам равам, то ӯ наранҷад. Хурсанд шуда, либосҳои зеботаринамро пӯшидам ва худро орову торо дода ба роҳ баромадам. Ҳанӯз ба истгоҳ нарасида бо бачаи ҳамсояамон Дилшод вохӯрдам. Ӯ бо ман гарм аҳволпурсӣ карда гуфт, ки ба ман гапи муҳиме дорад, вале дар ин ҷо, дар байни роҳ онро гуфта наметавонад. Ҳайрон шудам, ки Дилшод ба ман чӣ мегуфта бошад, чунки то он вақт байни мо ба ҷуз аз салому алейк дигар ягон чиз набуд. Гуфтам, ки ба хонаи амакам рафта истодаам, аз он ҷо баргардам, баъд гап мезанем, вале Дилшод якравӣ карда “дертар равӣ, осмон омада ба замин намечаспад” мегуфт ва зорию тавалло мекард, ки ба хонаи онҳо дароям. Бо гумони он ки модару хоҳаронаш дар хонаанд, розӣ шудам. Дар меҳмонхона мизи зебои идона ороста шуда буд, вале аз соҳибони хона касе ба назар намерасид. Дилшод маро ба сари миз таклиф карда дар наздам сари зону нишаст ва бо чунон суханҳои зебое изҳори муҳаббат намуд, ки дилам обу адо шуда, ишқашро қабул намудам. Ҳамсоябача дастҳои маро бӯсидаю бӯида ба гӯшам афсонаи ишқ мехонду мани сода ба гапҳои ӯ бовар карда, дар осмони орзуҳои ширин парвоз мекардам. Дилшод маро бо торт зиёфат карда нӯшоба рехта дод. Намедонам ба он нӯшокӣ чӣ андохта буд, ки баъди онро нӯшидан аз ҳуш рафтам. Вақте ки ба ҳуш омадам, аллакай ҳаво торик шуда буд. Худро дар оғӯши Дилшод лучу урён дида фиғонам ба фалак печид. Вай маро ором карда гуфт: “Гиря накун, дигар аз нолаю фиғон суде нест, чунки ту аллакай духтариатро ба ман бахшидӣ. Ман номард нестам, баъди Соли нав ба хонаатон хостгор фиристода, туро ба занӣ мегирам…”
Сарам мисли замбӯрхона ғуввос мезад. Калавида-калавида ба ҳамом даромадам ва сару танамро шуста, либосҳоямро пӯшидаму роҳи хонаи амакамро пеш гирифтам. Аҳли оилаи амакам дар гирди дастурхони солинавӣ шӯхию бозӣ доштанд, вале ба дили ман чизе намеғунҷид. Дар дил ба худ сад бор лаънат мехондам, ки чаро фирефтаи суханони Дилшод шуда ба хонаашон даромадам, аммо кор аз кор гузашта буд. Ҳамин тавр шаби Соли навро бо ғаму дарди бепоён дар хонаи амакам саҳар карда, субҳ ба хонаамон омадам. Барои он ки падару модарам аз шармандагии ман хабардор нашаванд, худамро хурсанд вонамуд мекардам, вале дилам хун мегирист. Чанд бор ба назди Дилшод рафта хоҳиш кардам, ки зудтар хостгорҳояшро фиристад, аммо ҳар дафъа ӯ ягон чизро баҳона карда, ин масъаларо қафо мепартофт. Имрӯзу пагоҳ ва ин ҳафтаю ҳафтаи дигар гӯён, вай як соли дароз маро аҳмақ карда гашт. Дидам, ки масъала ба хубӣ ҳал намешавад, ба таҳдид гузашта гуфтам, ки агар то Соли нав ба хонаам хостгор нафиристад, аз рӯяш ба милисаю прокурор арз мекунам. Ваъда дод, ки бо падару модараш дар ин бора маслиҳат мекунад, вале дирӯз фаҳмидам, ки Дилшод маро фиреб карда, пинҳонӣ билет харида ба Русия парвоз кардааст. Падарам фаҳмад, ки ман номуси духтариамро ба бачаи ҳамсоя бахшида, сари ӯро ба замин задаам, пӯстамро зинда ба зинда аз танам меканад. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, намедонам дардамро ба кӣ гӯям.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Давлатбиии бадбахт
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ