Соли нав.Чаро онро яҳудиён ва мусалмонон дӯст намедоранд?

Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки оғози сол аз 1-уми январ аз ҷониби Юлий Сезар соли 46уми то милод ҷорӣ шудааст. Одамон ба ин муносибат хонаҳоро оро дода, ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим мекарданд. Сипас, он дар тақвими юлианӣ ҷой дода шуда, дар Аврупо паҳн мегардад.

Назаре ба таърих

Далелҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки бори нахуст дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешудааст (тақрибан охирҳои моҳи сентябр) ва одамон ҳайкалҳои худояшон Амон, зан ва писарашро дар киштие гузошта, як моҳ рақсу сурудхонӣ мекардаанд. Римиёни қадим то солшумории милодӣ соли навро дар аввали моҳи март ҷашн гирифта, ба ҳамдигар туҳфа мекардаанд. Дар Юнон сардори оила шаби соли нав ба кӯча баромада, аз назди девори хонааш анор ҷамъ мекунад. Ҳикмати ин амал он аст, ки шахсони аноргузошта барор орзу мекунанд. Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтаанд. Онҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медодаанд, то ҷинҳо дур шаванд. Ақидае доштаанд, ки гӯё дар соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешаванд. Шоҳон низ аз раияташон ҷавоҳирот туҳфа мегирифтаанд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна солҳои зиёд 25-уми март ҷашн гирифта мешуд. Соли 1752 қарори парлумони кишвар оид ба ҷашнгирии соли нав аз 1-уми январ ба тасвиб расид.

Хӯрок хушбахтӣ меорад?

Соли навро дар Фаронса метавон иди «сафедиҳо» номид. Дар рӯи миз шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд. Дар Лаҳистон ба мизи бо дастархони сафед ороёфта 13 намуди хӯрокро мегузоранд. Хӯроки солинавӣ аз шӯрбои аз моҳӣ ё занбурӯғ, карам бо занбурӯғ, моҳӣ бо соуси ширин таркиб ёфтааст. Аз ҳама охир кулчақанд, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешавад.

Урфу одати халқҳои гуногун ба интихоби хӯрокҳои мизи идона таъсир мерасонад. Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо, хушбахтӣ меорад. Карами баҳрӣ (шодӣ), лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву руҳбаландӣ) ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар рӯи мизи идонаи сокинони Австрия, Венгрия, собиқ Югославия хӯрокро аз гӯшти паранда вохӯрдан номумкин аст, зеро онҳо муътақиданд, ки хушбахтӣ парида меравад. Дар шаби соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 донаи ангурро хӯранд, то 12 орзуяшон ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад.

Дар Федератсияи Россия низ мизи идонаро пирог, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман бояд карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбурӯғӣ, кулчақанди асалӣ бо шир бошад.

Баҳси адён

Дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Тотористон ҷашнгирии соли нави мелодӣ аз рӯи тақвими григорианӣ роиҷ аст.

Шоёни зикр аст, ки дар Аврупо иди Соли нав нисбат ба Русия соддатар таҷлил мешавад. Сарфи назар аз афзалияти дунявияташон, мардуми Аврупо бештар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳро ҷашн мегиранд.  

Соли нав идест, ки дар натиҷаи анъанаҳои тӯлонӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо аз ҳаргуна эътиқодоти динӣ дур аст. Ҳатто он масеҳиёни православие, ки тамоми талаботи мазҳабиро риоя мекунанд, онро ҷашн намегиранд ва таҷлилашро низ ҷоиз намедонанд, зеро маҳз дар ҳамин айём рӯзаи даврони Мавлуд оғоз мешавад ва масеҳиён онро риоя намуда, бештар ба ибодат мепардозанд.

Баҳси яҳудиён

Дар бораи ҷашнгирии оғози Соли нав дар миёни намояндагони дину мазҳабҳои гуногун низ ба ақидаҳои мухталиф метавон вохӯрд. Масалан, баъзе руҳониёни яҳудӣ, аз ҷумла Раввин Акко Шмуел Элиягу онро иди бахшидашуда ба хотири таъқибкунандаи яҳудиён — Силвестер дониста, таҷлили онро барои яҳудиён камоли бехирадӣ меҳисобад. Вале Раввини дигар — Эфрат Шломо Рискин ҷанбаҳои динӣ ва шаҳрвандии онро дақиқан ҷудо намуда, мегӯяд: «Бо таҷлили поёни сол ва оғози соли нав мардум ба ёд меоваранд, ки ҳаёт зудгузар аст ва онҳо ҷовидона нестанд. Дар ин ҳикмати бузурге пинҳон аст».

Назари мусалмонон

Мусулмононе, ки дар давлатҳояшон солшумории григорианӣ роиҷ аст, низ ин идро дар қатори дигарон ҷашн мегиранд. Вале дар вақтҳои охир аз олами ислом сарусадоҳое барои манъи таҷлили иди Соли нав ба гӯш мерасанд. Муддаиёни ин гуна сарусадоҳо барои суханҳои худ далел меоранд, ки дар ислом танҳо ду ид ҳаст ва ва ин барои мо кофӣ мебошад. Мусалмонон ба гуфтаи Ибни Таймия аз китоби «Ал-Иқтидо» руҷуъ мекунанд: «Худро дар идҳои ғайримусулмонон ба онҳо монанд кардан чунин маъно дорад, ки инсон худро бо ақида ва анъанаҳои дурӯғини онҳо қонеъ мегардонад».

Албатта ин гуфтаҳои онҳоро дар ҳолате метавон дуруст донист, ки сидқан касе он амалҳоро аз рӯи эътиқодоти динӣ анҷом диҳад, дар ҳоле ки дар худи кишварҳои масеҳӣ ва ғарбӣ онро касе иди динӣ намешуморад.

Бояд иқрор шуд, ки тоҷикистониён  Соли навро ба унвони иди динӣ ҷашн намегиранд. Бо вуҷуди ин ҳар сол пеш аз оғози ин ид сарусадоҳо дар ҷомеаи мо пайдо мешаванд. Аммо барои мӯйро аз хамир ҷудо намудан дар чунин мавридҳо танҳо хирад ва мантиқро истифода намудан кофист. Худатон қазоват намоед, ки дар олами масеҳӣ, ки мо тасаввур дорем онро ҳамчун иди динӣ таҷлил мекунанд, вазъият чунин нест. Қисмати динии он, ки ба мавлуди Исои Масеҳ мансуб аст, дар байни католикҳо ба унвони Крисмас 25-уми декабр ва дар миёни пайравони равияи православӣ 7-уми январ ба унвони Рождество ҷашн гирифта мешавад.

Бинобар ин, мо ҳамагон бояд дарк намоем, ки ҷашни иди Соли нав ба ҳеҷ ваҷҳ рангу хусусияти динӣ надорад ва он дар доираи фарҳанги дунявӣ, ҳамчун рамзи ибтидои солшуморие, ки мо тибқи он кору фаъолият ва зиндагӣ мекунем, баргузор мегардад. Ин маросим як навъ ҷамъбасти дастовардҳо ва муваффақиятҳои соли сипаришуда ва гузоштани нақшаву ниятҳои нав дар соли пешоянд аст.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *