Соли нав, нархҳои нав

Бо фаро расидани соли нави 2024 дар пойтахти кишвар нархи баъзе хизматрасониҳо боло рафт.

Нархи боғчаҳои давлатӣ гарон шуд

Дар шаҳри Душанбе аз 1-уми январи соли 2024 нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт. Акнун волидон барои нигоҳубини кӯдаконашон дар боғча ба ҷойи 136 сомонӣ 144 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои Душанбе ба зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст. Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буд ва аз 1-уми январи соли 2024 он 72 сомонӣ муқаррар гардид.

Ҳаҷми андоз аз нақлиёт каме боло рафт

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳаҷми андоз шуруъ аз соли 2024  каме боло рафт. Нархнома баъд аз ин чунин хоҳад буд:

— Барои худравҳои сабукрави муҳаррикашон то 250 қувваи асп — 1350 сомонӣ.

Аз 250 то 300 қувваи асп — аз 1800 то 2160 сомонӣ.

Аз 300 то 350 қувваи асп — аз 2592 сомонӣ то 3024 сомонӣ.

Аз 350 қувваи асп боло — 3570 сомонӣ.

Меъёри ҷаримаи  ронандагон тағйир ёфт

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз соли ҷорӣ ҷарима барои рондани мошин бо рақами бегона се маротиба афзуда, аз 2 то 3,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

— Барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё ба шахси дигар додани рақами давлатии қалбакӣ акнун шаҳрванд аз 34 то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад,- омадааст дар иттилоия.

 Нархи барқ боло баромад

Тарофаи истифодаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон, корхонаву ширкатҳо 16 дарсад гарон шуд.

Қимати барқ аз оғози соли 2024 амалӣ гардид. Аз  26,51 дирами кунунӣ барои 1 киловатт-соат то 30,75  дирам боло баромад.

Ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гарон шуд

Меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024-ум 4 сомонӣ ё 6,88 дарсад зиёд гардид. Он дар соли 2023-юм 68 сомонӣ буд, ҳоло 72 сомониро ташкил медиҳад.

Бо афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 ҳаҷми андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо мутаносибан тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ.

Хидмати ҳарбии пулакӣ боз қиммат шуд

Бо афзоиши нишондиҳанда дар соли 2024 барои ҳисобҳо ҳаҷми андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо мутаносибан тағйир ёфт. Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти хидмати ҳарбии пулакии ҳарбӣ.

Ҳукумати кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 “Дар бораи “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркуниро аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешин ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо иваз кардааст.

Тибқи нишондиҳандаи нав барои ҳисобҳо, онҳое, ки мехоҳанд хидмати ҳарбии пулакӣ анҷом диҳанд, ба ҷойи 51 ҳазор ҳамакнун 54 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

Омодасоз: Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *