Соли оянда раёсати ИДМ ба дӯши Тоҷикистон

8 октябр дар шаҳри Маскав Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

Инчунин, Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.
Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар рафти раёсати Тоҷикистон таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт. Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуда, дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *