Соли оянда Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро ба уҳда мегирад

Нишасти навбатии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ёвари Президенти Русия Юрий Ушаков дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ин тасмим ва ҳамчунин санаи баргузории Шӯрои навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти сарони ИДМ тасдиқ карда мешавад.

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, дар миёни мавзӯҳои сарони давлатҳо баррасӣ хоҳанд кард, “масъалаи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025” мавҷуд аст.

«Раёсат дар ИДМ ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта мешавад», — изҳор дошт Ушаков.

«Масъалаи гузарондани маҷлиси навбатии Шӯрои сардорони давлатҳо» низ баррасӣ мешавад.

«Пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби ҳамкорони тоҷик ворид шудааст ва ин пешниҳод пазируфта мешаванд», — гуфт ёвари Президенти Русия.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7 ва 8 октябр дар Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад.

Сарони давлатҳо қарор дар бораи эълони пойтахтҳои фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ барои се соли оянда имзо карда, ба як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар соҳаи амният тағйироту иловаҳо ворид хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *