Соли оянда Тоҷикистон соҳиби корхонаи автобусбарори мешавад

«Ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ дар шашмоҳаи ҳисоботӣ 3,3 ммлрд сомониро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли қаблӣ 25,8% зиёд аст».

Субҳи имрӯз раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамраализода зимни нишасти матбуотии ниҳоди худ, ба хабарнигорон ҳисобот пешниҳод намуд.

Ҳамраализода дар баромади худ қайд намуд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 70 лоиҳа бо маблағи беш аз 29 млрд сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Ӯ гуфт, ки сармоягузорони асосии Тоҷикистон дар ин давра Хитой (1 млрд. 885 млн. сомонӣ ё тақрибан 200 млн.доллар), Русия (193 млн. сомонӣ ё 20,4 млн. доллар ) ва Туркия   (161 млн. сомонӣ ё 17 млн. доллар) мебошанд.

Номбурда иброз дошт, ки соли оянда дар Душанбе 200 автобуси аввали истеҳсоли Тоҷикистон ба кор медарояд: «Доир ба бунёди ин корхона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус ба тасвиб расид. Аз ҷониби Тоҷикистон масъули ин тарҳ ширкати «Авеста Групп» мебошад. Дар марҳилаи аввал ин корхона солиёна то 200 адад автобус тавлид мекунад. Дар марҳилаи дигар тавлиди мошинҳои боркаши иқтидораш аз 3 то 8 тонна ва ҳамчунин микроавтобусҳо пешбинӣ шудааст. Микроавтобусҳо бо тамғаи «Мерседес» тавлид мешаванд. Ҳамаи маҳсулоти ин корхона бо тамғаи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ба фурӯш бароварда мешавад», -афзуд Фаррух Ҳамрализода.

Ба зикри мавсуф, шурӯъ аз соли ҷорӣ то ба ҳол автобусҳои тамғаи «AKAI» дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқи насби троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии аз Туркия воридшуда, насб мешаванд. Бештари автобусҳои пойтахти Тоҷикистон феълан дорои тамғаи «AKAI» ва «ISUZI» мебошанд.

Ҳамраализода дар мавриди нисбатан суст будани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим гуфт, ки барои бештар ҷалб намудани диққати сармоягузорони хориҷӣ ба ин минтақаҳо чораҳо хоҳад андешид: “Рақобат шадидид аст. Мо барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузорон тамоми роҳҳоро истифода менамоем. Инчунин сабукиҳои зиёди ҳукумат бароямон дастгирии калон аст. Минтақаҳои озоди иқтисодии Ишкошим ва Панҷ нисбат ба дигар минтақаҳо кам пешрафт дорад. Албатта мо сари ин масъала кор карда истодаем. Ва умед дорем, ки барои бунёди корхонаҳои нав дар ин минтақаҳо сармоягузор дарёфт хоҳем кард”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *