Соли Умари Хайём

Пешниҳод ба аҳли зиё ва Академияи илмҳо

Умари Хайём шоир, мутафаккир, риёзидон ва файласуфи оламшумул аст, ки дар ҷаҳон аз фарзандони Шарқ касе ба монанди ӯ соҳибшуҳрат ва маҳбуб нашудааст.

Гарчанде, дар ҷаҳон Хайёмро қадршиносӣ мекунанд, вале мо — меросбарони ӯ номашро ба таври бояду шояд пос намедорем…

Барои мисол рубоиёти ҳакимонаи Умари Хайём китоби рӯимизӣ ва дастурамали Президенти Федератсияи Россия, В.В. Путин гардидааст.  Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Русия дар Волгоград ҳайкали муҳташами Умари Хайёмро, ҳамчун «Шоири барҷастаи форс-тоҷик» гузоштаанд ва кинофилми ҳафтсериягие дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём ба навор гирифтанд, ки ин боиси ифтихори мардуми тоҷик, дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Аҷиб аст, ки панҷ риёзидони машҳури олам ба монанди Умари Хайёму Насриддини Тӯсӣ, Паскалу Нютон ва до-Винчи табъи шоирӣ доштанд. Кам мегуфтанд, вале бо завқи баланд.

Хайёми мо низ дар баробари шоирӣ кашфиётҳои ниҳоят муҳими илмӣ анҷом дод, ки  уламои Ғарб баъд аз 500 сол онро мавриди истифода қарор доданд. Бинобар ин, Абулфатҳ Умар, ибни Иброҳими Нишопурӣ маъруф ба Умари Хайём аз чеҳраҳои тобноки улуми риёзӣ, нуҷум ва ҳикмати ҷаҳон дар қуруни Вусто ба шумор меравад.

Илова бар ин, Умари Хайём рисолаи арзишманди «Наврӯзнома»-ро ба мерос гузоштааст. Имрӯз, ки Наврӯзи мо ҷашни ҷаҳонӣ аст, маҳз ин рисолаи ҳаким роҳнамои мо мебошад.

Мурод аз ёдовар шудани мероси гаронбаҳои Умари Хайём дар ин рӯзҳои наврӯзӣ чист? 

Боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистон Ҳаким Умари Хайёмро ба сатҳи зарурӣ пос намедорем ва паёми ӯро ҳамчун шоир ва олим сармашқи кори худ намекунем. 

Ҳатто рӯзҳои махсусеро барои пос доштани бузургдошти Умари Хайём ҷудо накардаем.

Барномаи бузургдошти Хайёми ҳаким тавассути ЮНЕСКО дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун як ҷашни пуршукӯҳ, моҳи сентябри соли 1999 дар Париж сурат гирифт.

Банда пешниҳод мекунам, ки солгарди Умари Хаём бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шавад.

Бинобар ин, бо фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз Академияи илмҳои кишвар даъват ба амал меоварам, ки  бо машварат ба китобхонаҳои олам ҳамаи асарҳои илмии Умари Хайём гирдоварӣ шуда, чоп карда шавад.

Ҳамчунин, хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҷашни бузургдошти Умари Хайём таҳти унвони «Наврӯзи Хайёмӣ» дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ таҷлил шавад.

Мо — тоҷикистониёнро месазад, ки соли 2021-умро Соли бузургдошти Умари Хайём эълон намоем ва ин дурдонаи беназири ниёконамонро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. 

Итминони комил дорам, ки равшандилону маорифпарварони Ватанӣ нисбати бузургдошти ин ситораи дурахшони Хуросони бостонӣ бетараф намемонанд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина аллакай қадамҳои нахустинро гузоштанд. Эшон дар маркази шаҳри Душанбе боғи истироҳатиеро ба номи Умари Хайём ифтитоҳ намуданд. Акнун навбати олимон. Вақти эҳёи дигарбораи номи Хайём ва муаррифии он дар ҷаҳон расид…

Раҳмат Шералиев

Омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *