Солимии ҷомеа — пойдории миллат
Фаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1” ба ном Карим Ахмедов» дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Солимии ҷомеа — пойдории миллат
Фаъолияти маъмурият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1” ба ном Карим Ахмедов» дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Хизматрасонӣ бо дастгоҳҳои муосир
Муассисаи мазкур дар тӯли мавҷудият баҳри сиҳатии ҷомеа ҳамеша талош намудааст. Инчунин, баҳри беҳбуд бахшидан ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар нақши муҳим дорад.
Ҳоло Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов бо муосиртарин дастгоҳҳои замонавӣ дар соҳаи тандурустӣ таъмин мебошад, ки аксарият дар 7 соли охир харидорӣ гардидаанд. Дастгоҳҳо аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, барои ташхиси дурусту табобати беморон ва фаъолияти табибон имкони мусоид фароҳам меоранд. Айни замон муассиса дорои шуъбаҳои сироятии кӯдакона, ҳепатитҳои сироятӣ, амрози ҳомиладорӣ, септикию сироятӣ, эндокринологияи кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои дил, асаб, эндокринологияи калонсолон, бодигармшиносӣ, эндо — ҷарроҳӣ, таваллудхона, амрози занона, наҷоти калонсолон, наҷоти кӯдакона ва ғайра мебошад. Ба беморон дар дилхоҳ вақту соат аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба хизмати тиббӣ расонида мешавад.
Бояд гуфт, ки Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов аз 423 кати умумӣ ва 19 кати шуъбаҳои наҷот иборат аст. Аз ҷумла, барои калонсолон 236 кат (55,8%), 87 кати кӯдакона (20,6%) ва 100 кат барои таваллудхона (23,6%) пешбинӣ шудааст.
Ҳалли муроҷиат
Дар шаш моҳи соли 2024 ба муассиса 16872 нафар беморон муроҷиат намудаанд. 11823 нафарашон бистарӣ гардидаанд. 5049 нафар бошанд, аз бистарӣ шудан даст кашидаанд ё ба дигар муассисаҳо равон карда шудаанд. Аз онҳо:
— 9778 нафар дар шуъбаҳои умумӣ;
— 1930 нафар дар шуъбаҳои наҷот;
— 115 нафар дар катҳои рӯзона.
Аз 11823 нафар муолиҷагирифтагон вобаста ба самт чунин аст:
— шуъбаҳои соматикӣ — 4735 нафар;
— шуъбаҳои таваллудӣ — 5353 — нафар;
— шуъбаҳои кӯдакона — 1735 нафар.
Стратегияву барномаҳо дар амал
Дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов амалисозии стратегияҳои қабулгардидаи давлатӣ дар мадди аввал меистад. Аз ҷумла, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе ҳамчун санади муҳим ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва сиҳатии ҷомеа мебошад. Дар муассиса барои тадбиқи ин санад шахси масъул таъин гардида, пайваста чорабиниҳои муҳим гузаронида мешаванд. Моҳи марти соли равон барои иҷрои банди 7-и нақшаи мушовараи Раёсати тандурустӣ барои соли 2024 ва бо мақсади санҷиши рафти воридсозии тадбиқи стратегияи мазкур дар муассиса аз ҷониби мутахассисони Раёсати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд. Ҳадаф боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассиса, такмили ихтисоси кормандони тиб ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи тандурустӣ аст. Яъне, дар марказ ба омодасозии мутахассисони соҳаи тиб диққати махсус дода мешавад. Табибони ҷавон низ ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор доранд ва ташаббусу пешниҳодҳояшон ҷиҳати беҳбуди фаъолият аз ҷониби роҳбарияти бемористон дастгирӣ меёбад. Дар самти модар ва кӯдак масъалаҳои вобаста ба баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии кӯдакон, ғизо ва норасогии микронутриентҳо дар байни занон ба роҳ монда шудааст.
Маврид ба таъкид аст, ки дар Марказ гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба оқибати марговар созмон дода шудааст. Фаъолияти он ҳам назаррас ва ҳамеша таҳти назорату машварати роҳбари муассиса қарор дорад.
Бо мақсади саривақт дарёфт намудан ва муолиҷаи беморони гирифтори бемории сил ҳар нафар беморе, ки гумонбар ба бемории сил аст, ҳатман аз муоинаи рентгени қафаси сина гузаронида мешавад. Ҳамчунин, балғам барои муайян намудани ташхис гирифта шуда, ба Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолии аз бемории сил равон карда мешавад. Бо мақсади пешгирии паҳн гардидани бемории ҳепатити вирусии намуди “В” аз модар ба кӯдак бо роҳи вориднамоии барномаҳои скринингӣ ба ҳепатити вирусии намуди “В” ҳангоми назорати то таваллудӣ ва тадбиқи чораҳои пешгирикунанда ҳангоми таввалуд ба роҳ монда шудааст.
Амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе низ дар мадди аввал меистад. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани гардиши маводи доруворӣ, аз ҷумла муомилоти қонунии маводи дорувории нашъадор дар Марказ, Комиссия оид ба қабул, нигоҳдорӣ, тақсимот ва назорати дуруст, истифодабарии маводи дорувории тиббии мадҳушкунанда ва сахтаъсир таъсис дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби табибони марказ соли равон 7 семинари омӯзишӣ, 8 лексия ва 21 суҳбат оид ба пешгирии нашъамандӣ гузаронида шуд. Суҳбатҳои равоншиносию таблиғотӣ бошад, доир ба зарбаи рӯҳафтодагӣ, рӯҳӣ, невроз ва дигар нороҳатии рӯҳӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазирӣ аҳолӣ гузаронида мешаванд.
Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз барномаҳое мебошад, ки дар муассиса мавриди амал қарор дорад. Дар 6 моҳи соли равон 18 лексия бо иштироки 2365 нафар корманд ва 131 вохӯрӣ-суҳбатҳо дар мавзуҳои ВНМО, БШРН, камхунӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд, коронавирус, фарбеҳӣ бо иштироки 930 нафар аҳолӣ, 15 семинар бо иштироки 621 корманд гузаронида шуд.
Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасогии масъунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2021-2025 низ дар амалашавӣ қарор дорад.
Дар озмоишгоҳи Марказ ва шуъбаи қабули таваллудхона аз тарафи Марказ барои гузаронидани таҳлили хун ба ВНМО тести оҷилӣ бо пуррагӣ таъмин карда шудааст. Бемороне, ки ба шуъбаи ҷарроҳӣ ворид мегарданд, пеш аз ҷарроҳӣ гузаронидан аз ҳамаашон таҳлили хун ба ВНМО ва гепатитҳои вирусии “В” ва “С” гирифта мешавад. Ҳамаи занони ҳомиладоре, ки ба таваллудхона ворид мешаванд, аз касоне, ки таҳлили хун ба ВНМО дар МСШ гирифта нашудааст, дар шуъбаи қабули таваллудхона таҳлили хун ба ВНМО бо тестҳои оҷилӣ ройгон гирифта мешавад.
Аз фарбеҳӣ то ғизои солим
Дар самти амалӣ гардонидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” нақшаи чорабинӣ тартиб дода шудааст. Бемороне, ки ба Марказ ворид мешаванд, аз рӯйи формулаи тасдиқшуда вазни зиёд ва фарбеҳии онҳо муайян карда мешавад. Тибқи барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024, дар марказ шахси масъул фаъолият намуда, беморони бо омили зиёдвазнӣ ва фарбеҳиро ба қайд гирифта, назорат мебарад.
Ҳайати кормандон
Айни замон шумораи умумии кормандони муассиса 855 нафарро ташкил медиҳад. 35,9 %-и кормандони муассиса ҷавонон мебошанд.
Дар маҷмуъ, имрӯз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов бо ҳайати бисёрнафараи худ бо дониши баланд ва истифода аз дастгоҳҳои муосири тиб барои ҳифзи саломатии ҷомеа омода аст.
Сафарзода Абдулло Мумин,
директори Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ