Солимии кӯдакон ҳадафи мост!
Дар оғози соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни “Беморхонаи беҳтарини сол” ҷамъбаст гардид, ки дар он Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона “Беморхонаи сол-2023” баргузида шуд. Ин дастоварди беназир натиҷаи талошу заҳматҳои ҳамаи кормандони ин муассиса аст.
Аз таърихи беморхона
Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ҳамчун муассисаи тандурустӣ аз соли 1963 инҷониб фаъолият дорад. Қаблан, то ташкил ёфтани ин муассиса, дар бинои қаблии он аз соли 1939 то соли 1941 боғчаи кӯдакона ва мактаби миёна фаъолият мекарданд. Давоми солҳои 1941-1945 бошад, дар ин бино Госпитали эвакуатсионии ақибгоҳи ҷангӣ барои табобати ҳарбиён фаъолият дошт. Даҳҳо нафар сарбозони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҷруҳгардида, ки аз миллатҳои гуногун буданд, дар ин госпитал табобат гирифтаанд.
Пас аз анҷоми ҷанг бино ба таъиноти қаблӣ баргардонида шуд ва то соли 1963 дар як қисми он боғчаи бачагона ва дар қисми дигараш мактаби миёна фаъолият мекард.
Соли 1963 зарурати дар пойтахти Тоҷикистон боз намудани беморхонаи сироятӣ барои кӯдакон пеш омад. Ҳамин тавр, Беморхонаи клиникии сироятӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Туҳфаи Пешвои миллат
Санаи 1-уми сентябри соли 2019 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мо — аҳли беморхона ва умуман кормандони соҳаи тиб аз ин туҳфаи беназири Пешвои миллат сарфароз ҳастем ва кӯшиш менамоем, ки рисолати касбиамонро, ки солимии насли фардо мебошад, аз самими қалб анҷом диҳем.
Шароити мусоид барои беморон ва кормандон
Фаъолияти МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” барои беҳтар намудан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони сироятӣ равона карда шудааст.
Муассиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи 40-солагии Ғалаба воқеъ буда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат аст. Он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кӯдакон муҷаҳҳаз карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми беморхона шуъбаи наҷот, шуъбаи бемориҳои қатрагӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, дар ошёнаи сеюм ва чорум шуъбаи бемориҳои сироятӣ, дар ошёнаи панҷум шуъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин утоқҳои кории маъмурияти беморхона, маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи шашум бошад, кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ, дар таҳхона озмоишгоҳҳои клиникию биокимиёвӣ ва бактериологӣ, ошпазхона, хушкашӯйӣ ва шуъбаи қабул, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи рентгенӣ ҷойгир мебошанд.
Ҳамасола дар беморхонаи мо зиёда аз 4000 кӯдакон табобат мегиранд.
Ҳамчунин беморхона дорои таваққуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансформатор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона мебошад.
Ба ғайр аз ин дар заминаи беморхона кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи ДДТТ ба номи А. И. Сино ва кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ба омӯзиш ва тайёркунии мутахассисони соҳаи тиб машғуланд. Дар беморхона мутахассисони соҳибтаҷриба натанҳо ба табобати кӯдакони шаҳри Душанбе машғуланд, инчунин аз рӯи нақшаи авиатсияи тиббӣ-санитарӣ ба тамоми шахрвандони ҷумҳурӣ ёрии табобатию машваратӣ мерасонанд.
Мутахассисони варзида
Бояд қайд кард, ки беморхона дар миқёси ҷумҳурӣ ягона беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятии кӯдакона мебошад. Дар он аз рӯйи 308 воҳидҳои корӣ 273 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудаанд. Аз ҷумла:
— табибон — 35 нафар;
— кормандони миёнаи тиббӣ — 123 нафар;
— кормандони хурди тиббӣ — 80 нафар;
— кормандони маъмурият ва қисми хоҷагӣ — 35 нафар.
Шумораи кормандони дараҷанок ҳамагӣ 97,4 % нафар буда, аз инҳо 95,9 % нафарашон табиб ва 98,2% ҳамшираи шафқат мебошанд.
— дараҷаи олӣ — 11 табиб, 21 ҳамшираи шафқат;
— дараҷаи якум — 6 табиб, 19 ҳамшираи шафқат;
— дараҷаи дуюм — 6 табиб, 16 ҳамшираи шафқат.
Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони мо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз он ҷумла Корманди шоистаи ҶТ, Ордени “Шараф” дараҷаи 2 , Медали “Шафқат” ва як қатор ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд.
Қобили қайд аст, ки табибони мо дар ҳамкорӣ бо кормандони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи ДДТТ ба номи А. И. Сино ва кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ба пажӯҳишҳои илмӣ машғул буда, натиҷаи таҳқиқоташон дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ нашр шудаанд.
Ҳамчунин, табибони варзидаи мо бо ВАО ҳамкории зич дошта, пайваста дар бораи бемориҳои сироятии кӯдакона ва роҳҳои пешгириву табобати онҳо баромад мекунанд.
Ҳадафи мо — солимии кӯдакон
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳоло беморхонаи мо бо рентгени рақамӣ, рентгени рақамӣ-партативӣ, ултрасадои партативӣ, 2 адад дастгоҳи автоклав, таҷҳизоти истеҳсоли оксигени табиӣ, оксигенераторҳо, мониторҳои наздикатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз аст. Ин имкон медиҳад, ки мо ба беморон хизматрасонии босифати тиббӣ расонем.
Кӯдакон ояндаи миллатанд. Бинобар ин, табобати дурусти кӯдакон дар илми тиб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Духтури кӯдакон масъулияти бештар дорад, зеро вай бо сарнавишти кӯдак сарукор мегирад, ки зиндагии вай ҳанӯз дар пеш аст, ояндаи давлату миллат аз ӯ вобаста мебошад. Ҳамин аст, ки мо — кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” барои солимии кӯдакон пайваста талош мекунем.
Мунира КАРИМОВА,
директори Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ