Солинавӣ. Метавон аз он ба манфиат истифода бурд
Инак, то расидани Соли нави милодӣ рӯзҳои башумор мондааст ва аллакай баҳсҳо атрофи ҷоиз будану набудани ҷашнгирии он ба гӯш мерасанд. Аммо, ҳоло ҳадафи мо баррасии ин нукта нест.
Яке аз мавзуҳое, ки оғози ҳар соли нав доғ мешавад, масъалаи исрофкорист. Ҳатто дар сатҳи баланд ҳам баъзан маҳдудиятҳо ҷорӣ мегарданд, то аз хароҷоти барзиёд ҷилавгирӣ карда шавад. Имсол дар роҳандозии чунин тасмим кишвари ҳамсояи мо — Ӯзбекистон пешдастӣ кард. Рӯзи 12-уми декабр сомонаи Podrobno.uz иттилоъ дод, ки «роҳбари ҳукумат ба ҳамаи ташкилоти давлатӣ ва ҳокимиятҳо (маъмурияти минтақаҳо) аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва ғайрибуҷетӣ ташкил намудани шабнишиниҳои дастҷамъона, оростани дастархони идона ва оташбозӣ карданро манъ намуд». Васоити ахбори Ӯзбекистон менависанд, ки манъи таҷлили дастҷамъонаи солинавӣ барои мансабдорон ба хотири сарфаи маблағҳои буҷетӣ сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки ин як тасмими воқеан хирадмандона аст, чун мансабдоронро водор месозад дар муҳити хона, аз ҳисоби худ ва бо зану фарзандони хеш хурсандӣ кунанд. Аммо, воқеан, барои мансабдороне, ки ду-се зан доранду фарзандони бешумор, каме мушкилӣ пеш меояд. Яъне, назди занҳову фарзандонашон баҳона пеш оварда наметавонанд, ки бо сабаби дар ҷойи кор гузаштани базми солинавӣ, вақти бо онҳо андармон шудан надоранд.
Агар дар Тоҷикистон ҳам чунин тасмим пеш ояд, чӣ кор бояд кард? Пешниҳод ин аст, ки мансабдорони якзана метавонанд роҳат ба хонаҳояшон раванд ва бо аҳли оила Соли навро ҷашн бигиранд. Барои мансабдорони чандзана ҳам роҳи раҳоӣ ҳаст. Масалан, онҳо метавонанд фарзандони дигар занҳояшонро ба зани якум “бачаҳои камбизоат” муаррифӣ кардаву ҳамроҳ бо фарзандони зани аввал ба консерти хайриявии “Орзуи солинавӣ” баранд, ки рӯзи 25-уми декабр соати 15:00 дар “Кохи Суруш” баргузор мегардад. Бо ин кор онҳо ҳам баробарҳуқуқии ҳамаи фарзандонашонро таъмин месозанд ва ҳам хотири кӯдакони ятиму дорои маъюбиятро шод мегардонанд. Зеро тамоми маблағи аз ин консерти хайриявӣ ҷамъомада барои дастгирии мактабҳо равона мегардад.
Соли нав муборак!
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ