Соловёв: Маблағҳо барои бесарнишинҳову артиш куҷо шуданд!?

Журналисти рус Владимир Соловёв дар барномаи «Тамоси пурра” изҳори тааҷҷуб кард, ки намедонад маблағи барои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиш ҷудошуда куҷо рафтааст.

Порча аз барномаи “Тамоси пурра” бо Владимир Соловёв, ки дар он ровӣ тоҷирони русро барои хоҳиш надоштанашон ба кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи РФ танқид кардааст, дар шабакаи русии интернет паҳн шуд. Дар ин навор рӯзноманигор саъй кардааст фаҳмонад, ки маблағи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба куҷо рафтаанд ва чаро бо сафарбаркунии қисмани кишваре, ки ду миллион нафар дар артишаш дорад, 300 000 даъватшаванда лозим шуд?

— Ҳафт моҳ боз амалиёти вежаи низомӣ идома дорад. Маълум мешавад, ки дар давоми ин ҳафт моҳ дар мо бесарнишинҳои шаклҳои гуногун намерасанд. Бесарнишинҳои мо куҷоянд? Маблағе, ки мо ва дӯстонамон дар саросари кишвар барои харидории «Маврик»-ҳо сарф кардем барои сохтани якчанд корхонаи истеҳсоли ин бесарнишинҳо кифоя буд,- нигаронӣ кардааст ӯ.

Рӯзноманигор ба он ишора кардааст, ки сарфи назар аз мавҷудияти теъдоди зиёди тоҷирони сарватманд дар Русия, ки метавонанд ба артиш кумаки молӣ расонанд, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия аз моҳвораҳои низомӣ танқисӣ мекашад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан сиёсатмадор ва шарқшинос Семён Багдасаров изҳори боварӣ карда буд: “Ҳавопаймоҳои бесарнишин самаранокии худро дар ҷангҳои маҳаллӣ исбот карданд. Онҳо ҳам барои разведка ва ҳам барои зарбаҳо мувофиқанд. Ҳоло бисьёр мамлакатҳо заводҳои истеҳсолкунандаи бесарнишин сохта истодаанд”.

— Агар бесарнишинҳои кофӣ вуҷуд дошта бошанд, пас онҳо бояд мукаммал карда шаванд. Тоҷикистон ҳампаймони мо дар СПАД аст. Рафтаву истеҳсолотро зери назорат гирифта, чунин бесарнишинҳоро овардан мумкин аст,- ба гуфтаҳои ӯ истинод карда буд оҷонсии иттилоотии SM.News.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *