Соловёв: Мо аз тоҷикон қарздорем!(Видео)

Мо аз тоҷикон қарздорем. Зеро онҳо даҳшати ин ҷангро бо айби мо чашиданд. Чунки хиёнаткорон дар Беловежск давлатро пароканда карданд. Ҳатто назари инҳоро напурсиданд ва имкон надоданд, ки бо роҳи осоишта аз ин вазъият бароянд.

Журналисти маъруфи рус Владимир Соловев дар барномаи худ тоҷиконро аз интиқоди шадиди коршиноси амрикоӣ ҳимоя кард ва дар бораи тоҷикону Тоҷикистон суханҳои пурмеҳр гуфт.

Мавзӯъи барноми навбатии «Вечер с Владимиром Соловьевым» (24.04.2019) дар шабакаи телевизионии «Россия» интихоботи президентии Украина ва ғолибияти Владимир Зеленский буд.

Дар масъалаи пиёда кардани барномаҳои пешазинтихоботӣ вакили Радаи болоии Украина (даъвати V-VII) Спиридон Килинкаров ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии ин кишвар ягон президент ваъдаҳои пешазинтихоботии худро иҷро накардааст.

«Ҳамон вақте, ки интихобот ба охир мерасад ва ғолибиятро ба даст меоранд, баръакси барномаи худро мекунанд. Петро Порошенко низ чунин кард, дигарон низ…»- гуфт, ӯ.

Ин лаҳза сухани ӯро коршиноси аршади Шӯрои Атлантика Ариэл Коэн, бурида гуфт, ки ҳанӯз мардуми Украина имкони тағйир додани қудратро доранд, ҳол он ки дар давлатҳои дигари собиқ шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ин механизм имконнопазир аст.

Владимир Соловев бошад, ба ин меҳмони барномаи худ эрод гирифт:
«Мехоҳам ёдовар шавам, ки Тоҷикистон ба ин низоми давлатдорӣ, баъди хунрезиҳо, баъди ҷанги шадиди шаҳрвандӣ расид. Баъди ҷанг мӯҳлати зиёде нагузаштааст ва ин ҷанги оддӣ набуд, ин даҳшат буд» — гуфт ӯ.

Ба ақидаи Владимир Соловев Тоҷикистон макони махсусе аст:
«Беҳуда нест, ки ҳар вақте, дарк накарда, хусусияти давлат ва мардуми онро наомӯхта, ба сари онҳо сохти ночаспонро бор карданӣ мешаванд, ин бо нерӯ гирифтани радикалҳо анҷом меёбад. Маҳз бо ҳамин сабаб, ҳодисаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандиро, ин миллати барои мо бародар, ки дар ҳайати Иттифоқи Советӣ мезист, аз сар гузаронид. Ман нисбати онҳо бо муҳаббати том муносибат мекунам. Ман бо эҳсоси миннатдорӣ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд меорам, ки ин мардум, оилаҳои русу, украин ва беларусро қабул карданд. Мо аз тоҷикон қарздорем. Зеро онҳо даҳшати ин ҷангро бо айби мо чашиданд. Чунки хиёнаткорон дар ҷангали Беловежск (Беловежская пуща — 8 декабри соли 1991 дар ин ҷо қарори барҳам хӯрдани ИҶШС ва таъсиси ИДМ имзо шуд — ред.), давлатро пароканда карданд. Ҳатто назари инҳоро напурсиданд ва имкон надоданд, ки бо роҳи осоишта аз ин вазъият бароянд.»

Қобили зиркр аст, ки ин ровии маъруф борҳо дар барномаҳи худ аз тоҷикон ҳимоя карда, худро ҳамчун донандаи таъриху фарҳанг ва вазъи феълии кишвари мо муаррифӣ кардааст. Ӯ дӯсти қарини компазитори машҳури тоҷик Толибхон Шаҳидӣ аст ва ровии консертҳои ӯ мебошад.

Солҳои 90 дар радиои «Эхо Москвы» барномаи муаллифиеро доир ба бузургони миллати тоҷик таҳия карда, ки он «Тоҷикистони нуқрафом» («Серебряный Таджикистан») ном дорад.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *