«Сомон» (Данғара) дар лигаи якум
«Сомон» (Данғара) дар лигаи якум
Дастаи «Сомон» (Данғара) аз миёни иштирокчиёни лигаи дуюми минтақаи Хатлон ғолиб омада, ба лигаи якуми Тоҷикистон роҳхат гирифт.
Ин даста дар лигаи дуюм ҳамагӣ дар мавсими соли 2016 қувва озмуда, дар 8 бозӣ ғолиб омада, се бозиро мусовӣ анҷом дод ва танҳо дар як вохӯрӣ шикаст хӯрда, аз 36 холи имконпазир 27 холро соҳиб шудааст.
Дар мавсими соли ҷорӣ дар лигаи дуюм 7 даста — «Сомон» (Данғара), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Вахши Зарнисор» (Вахш), «Хуросон» (Хуросон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Парвин-2» (Бохтар) барои роҳхат ба лигаи якум мубориза бурданд.
Тақдири медалҳои биринҷиро
«Регар» ва «Барқчӣ» ҳал мекунанд
2 ноябр, вохӯрии «Истиқлол»- и Душанбе бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор шуд, ки бо пирӯзии комили чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон – 5:1 анҷом ёфт. Душанбегиҳо Дэвид Мавутор ва Шериддин Бобоев дуголӣ, Нозим Бобоҷонов як гол заданд.
КМВА «Помир» дар сафар «Равшан»-ро 2:1 мағлуб сохт. «Хайр дар майдони худ «Хуҷанд»-ро 4:1 торумор намуд.
То охири чемпионати 25-уми Тоҷикистон се вохӯрии мавқуфгузошта бо ҳузури «Барқчӣ», «Регар-ТадАЗ», «Равшан» ва «Ҳосилот» доир мешавад. Имконияти «Регар-ТадАЗ» барои медалҳои биринҷии чемпиона бештар аст. «Барқчӣ» бояд 3 вохӯриашро бо фоидаи худ анҷом диҳад, ки зери суол аст. Шояд ин ду даста дар вохӯрии байни ҳам ғолибро муайян карда, медалҳои биринҷиро яке соҳибӣ намояд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ