“Сомон Эйр”: Парвозҳои мунтазам ба Деҳлӣ барқарор мешаванд (аудио)

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе аз сар мегирад.

Тавре интизор меравад, аз санаи 9-уми апрел парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30, аз Деҳлӣ 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, ки мусофирони пурра ваксинатсияшуда ҳангоми бақайдгирии чипта метавонанд танҳо сертификати ваксинатсияи пурраро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд. Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирусро нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд. Илова бар ин, мусофирони ба Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha — https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд.

Бино ба иттилои ширкати мазкур, мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

— Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *