“Сомон Эйр” парвозҳоро ба Қазон ва Новосибирск барқарор кард (аудио)
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд аз сар мегирад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», шуруъ аз 9-уми июн парвозҳо ба самти Қазон ва Новосибирск ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон 17:40, аз Қазон ба Душанбе 21:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск соати 20:30 ва дар самти баргашт шаби ҷумъа 03:00 амалӣ мегарданд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 900 анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, мусофирони ба Федератсияи Россия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Россия, бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави ФР дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, қайд менамоем, ки аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ