Сомон Эйр шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад
Ширкати ватании “Сомон Эйр” шаҳрвандон ва муштариёнашро ҳушдор медиҳад, ки аз харидори намудани чиптаи сафар тариқи интернет худдори кунанд.
Ширкати “Сомон Эйр” чанд соат пеш дар сомонаи расмии худ Somon Air иттило дод, ки дар сомонаҳои интернети қаллобоне пайдо шудаанд, ки аз вазъияти қатъи парвозҳо истифода намуда чиптаҳои сафарро аз номи ин ширкат ғайриқонуни бо нархи гарон ба фурӯш гузоштаанд. Таре дар сомона омадааст:
“Ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки қаллобоне пайдо шуданд, ки бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет харидории чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод медоранд.
Хоҳиш менамоем фирефта нашуда ҳушёриро аз даст надиҳед. Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки мутобиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 20-уми марти соли 2020 иҷрои хатсайрҳои мунтазами байналмилалиро аз/ба Тоҷикистон қатъ намуд. Санаҳои 20, 22 ва 24-уми март ширкати ҳавопаймоӣ 3 хатсайри махсусро аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе иҷро намуд.
Оид ба хатсайрҳои махсуси эҳтимолӣ ширкати ҳавопаймоӣ қаблан иттилоъ медиҳад.
Бо эҳтиром,
ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ