«Сомон Эйр» ва «Utair», ширкатҳое, ки ба Русия муҳоҷир мебаранд

«Аз 1 апрел ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва «Utair» — и Русия ҳар ҳафта дар масири Маскав – Душанбе як маротиба парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд», — гуфтааст муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.
Вай қайд кард, ки дар асоси қарори ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус дар Русия, дар бораи кушодани парвозҳои мунтазам бо 6 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз 1 апрел созиш ҳосил шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҷадвали парвоз ва тарофаҳои он ба таври изофӣ эълом хоҳад шуд.
«Қоидаҳои рафтани шаҳрвандон мисли парвозҳо ба дигар кишварҳо хоҳад буд, ки бо онҳо равобити ҳавоӣ аллакай мавҷуд аст», — таъкид кард Набизода. Ба гуфти вай, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон “Сомон Эйр” ва аз Русия ҳавопаймоҳои ширкати «Utair» анҷом медиҳанд.

Набизода хотиррасон кардааст, ки мусофирон бояд ҳамаи чораҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯшак ва инчунин шаҳодатномае, ки аз коронавирус сиҳат будани онҳоро собит мекунад, дар даст дошта бошанд. Ташхиси коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гирифта шуда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *