Сомон Эйр” аз мусофирон узр мепурсаду пулашонро бармегардонад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар санаи 31 март аз Вазорати нақлиёти ФР оиди аз санаи 3 апрел ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои парвоз ба Москва телефонограмма ба даст овардааст. Ҳамин тариқ, тибқи огоҳнома, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Москва дар рўзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе, ҳамчунин ҳамаи парвозҳо аз Хуҷанд ба самти Москва иҷозат дода намешавад. Феълан, ширкати ҳавопаймоӣ парвози ҳамаи хатсайрҳоеро, ки ба рўйхати дар боло зикргардида ворид шудаанд қатъ мекунад ва изҳори таассуф менамояд, ки бо сабаби аз ҷониби ФР дер огоҳкардани чунин вазъият, ба мусофирони худ нороҳатӣ эљод кард. Маблағи барои чипта сарфкардаи мусофирон дар макони онро ба даст оварда баргардонида мешаванд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои муайян кардани сабабҳои чунин қарори Вазорати нақлиёти ФР корҳоро идома дода, умедвор аст, ки масъалаи мазкур ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасли худро меёбад.
Хадамоти матбуотии
ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *