«Сомон Эйр» дигар ба Кобул парвоз намекунад

 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе бекор мекунад. Чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, ба кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад.
Тавре ки котиби матбуотии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев  иттилоъ дод, ширкати ҳавопаймоӣ ҳангоми  барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва  Кобул муштариёнашро қаблан огоҳ хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан миқдори парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе аз ду хатсайр дар як ҳафта ба як хатсайр коҳиш дода буд.  То лаҳзаҳои охирин парвозҳо дар хатсайри  Душанбе-Лоҳур-Душанбе рўзҳои душанбе иҷро мегардиданд, аммо бо сабаби камшавии теъдоди мусофирон парвозҳо ба самти мазкур муваққатан манъ карда шуданд.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *