“Сомонҷон”-хоҷагии пешқадам
Баъди анҷоми кори машварат бо фаъолону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.
Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.
Дарахтони аз бори меваи зиёд сар ва навдаи ба зер афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳад.
Ба андешаи коргарони хоҷагӣ аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони тухмиҳои картошка, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат кишт шуда буд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва истеҳсоли кофии ин маҳсулоти хурока, тухмии он ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”, ки бисёрсоҳа буда, дар ихтиёри худ чорвои калони шохдор ва ҳайвони майда низ дорад, дар майдони 80 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст.
Таҷрибаи бойи коргарону мутахассисони хоҷагӣ боис гардидааст, ки онҳо бо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ҳосили фаровони мева ба даст меоранд ва сатҳи зиндагии худро сол то сол беҳбудӣ мебахшанд.
Мутахассисони соҳа дар вақти кор аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини зархезу ҳар қатра оби ҷонбахш васеъ истифода мебаранд.
Зимни шиносоӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон ҷиҳати парвариши ҳосили фаровон, истифодаи самараноки замин ва ҷонибдории сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар баҳои баланд доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ