Сомонаҳои Ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24” баста шуданд
Чанде аз сомона ва шабакаи онҳо дар Ютуб, ки марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолиташон дар Тоҷикистон мамнуъ, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд.
Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳамчунин, бо ҳалномаи мазкур сомонаҳои интернетии “Nahzat.org”, “Vostoknews.org”, “Kimya Saadat” ,”Isloh.net”, “Ozodandishon.org”, “Zindoniyon. Com”, “Payom.net”, “Tojik islom.ucoz.ru”, “salafyink.com”, “tajreform.org”, “hawzah.net”, “salafimasjid.com”, “islamhouse. com/ru/”, “hizb-russia.info”, “sunna-portal.com”, “toislam.ws”, “mowahed.com”, “tevhiddersleri.tv”, “whyislam. Com”, “muhajeer. Com”, “abumuhammaddagestani.wordpreess.com”, “new. sadaislam. Com”, “Группа24” ва ғайра масдуд шуданд.
Ин сомонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук”, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ