Максим

Сомонаҳои “маккор”. Онҳо чӣ гуна хатар эҷод карда метавонанд?

Ҳар рӯз мо ба даҳҳо ва баъзан садҳо манбаъҳои интернетӣ ворид мешавем. На ҳамаи онҳо метавонанд ба маънои васеъ ва маҳдуд барои мо бехатар бошанд. Сомонаҳо дар ҷаҳони муосир чӣ гуна хатар эҷод карда метавонанд? Биёед инро бифаҳмем.

Сирояти дастгоҳҳо

Яке аз таҳдидҳои асосӣ сирояти дастгоҳест, ки аз он корбар ба сомона бо вирус ё нармафзори зараровар ворид мешавад. Ин метавонад ба талафи маълумот ё ҳатто осебпазирӣ ба ҳамлаҳои ҳакерӣ оварда расонад. Вирусҳо метавонанд ҳам ба мизи кории компютер ва ҳам ба смартфон ворид шаванд.

Сирқати маълумоти шахсӣ

Хавфи дигар — ин эҳтимолияти сирқат (дуздӣ)-и маълумоти шахсӣ ё паролҳо мебошад. Сомонаҳои пастсифат метавонанд аз системаҳои ҳифзнашудаи нигаҳдории маълумот истифода баранд ва манбаи ихроҷи иттилоот шаванд. Ё ин ки, ин кор дидаю дониста анҷом дода мешавад.

Сомонаҳои қалбакӣ

Инчунин, бояд аз сомонаҳои қалбакӣ, ки дар зоҳиру аз рӯйи муҳтаво ба сомонаҳои аслӣ монанданд, эҳтиёт бошед. Аммо, дар асл, ҳамлагарон кӯшиш мекунанд, ки ба маълумоти шахсӣ ё маълумоти молиявӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳатман суроғаи сомонаро дар сатри суроғаҳо тафтиш кунед. Он метавонад танҳо бо як ҳарф ё аломати махсус фарқ кунад ва оқибатҳои пардохт ё амалҳои дигар дар чунин сомона “марговар” хоҳанд буд.

Дуздии пул аз кортҳо мушкили ҷиддиест, ки қаллобон тавассути сомонаҳои хатарнок ё қалбакӣ истифода мебаранд. Онҳо метавонанд маълумоти кортро ба даст оварда, ғайриқонунӣ аз он пул бигиранд.

Шумо дар базаи маълумот ҳастед!

Ниҳоят, муҳим аст, ки имкони ба даст овардани маълумоти шахсии корбарон дар пойгоҳи додаҳои почтаҳои оммавӣ ба назар гирифта шавад. Агар сомона амнияти кофии маълумотро таъмин накунад, ин метавонад ба фиристодани номатлуб ва истифодаи нодурусти маълумоти шахсӣ оварда расонад.

Чӣ бояд кард?

Барои пешгирӣ аз ин таҳдидҳо корбарон бояд ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳо эҳтиёткор бошанд, дастгоҳҳои худро бо нармафзори антивирусии босифат таъмин кунанд, аз паролҳои қавӣ истифода баранд, сертификатҳои бехатарии сомонаҳоро тафтиш кунанд ва ба сатҳи ҳифзи додаҳои сомона диққат диҳанд.

Агар ягон суолатон боқӣ монда бошад, метавонед шахсан ба ман тавассути телеграмм нависед: @gkmatador

Муаллифи гӯша:

Максим ШУМСКИХ,

Директори генералии ширкати байналмилалии IT «Матадор»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *