Сомонаи дурӯғсанҷ ба кор оғоз кард
Дар Қирғирзистон сар аз 1 июни соли равон сомонаи factcheck.kg ба кор даромад, ки «фейкҳо»-ро ошкор ва хабари расонаҳову шабакаҳои иҷтимоиро муайян хоҳад кард.
Ба гуфтаи як масъули сомона, то ба имрӯз дар он беш аз 50 мавод бо ду забон, аз ҷумла таҳқиқоти қарордоди иҷораи чархболҳо миёни Қирғизистон ва Уганда, матлабҳо дар бораи манфиатҳои олигархи қазоқ Алмос Минбоеву Қирғизистон нашр карда шудааст.
Таваҷҷуҳи бештар ба муайян кардани хабарҳои ғайримуътамаде хоҳад шуд, ки бадбинии миллӣ ва диниро бармеангезанд. Дар сомона ҳамчунин дарсҳои видеоии омӯзиши фарҳанги расонаӣ ва дақиқ кардани иттилоъ низ ҷойгир карда шудааст.
Далелсанҷӣ дар рӯзноманигорӣ жанри навест, ки ба санҷиш ва дақиқ кардани иттилоъ равона шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ