Сомонаи Президент навсозӣ шуд
Сомонаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони варзида бо имкониятҳои ҷадид барои шаҳрвандон ва истифодабарандагон навсозӣ карда шуд.
Дар сомона акнун метавон барои дарёфт кардани иттилои зарурӣ аз ҷустуҷӯ бо калидвожаҳо, сана ва рақам ва боргирӣ кардани аксу наворҳо истифода бурд.
Ҳамаи матолиби сомона бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисиву арабӣ пахш ва бо аксу наворҳои баландсифат пешниҳод мегардад. Бахшҳои сомона аз зербахшҳои зиёд иборат буда, дар онҳо маълумоти муфассалу фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Аввалин маротиба сомонаи Президенти Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2005 таҳия гардида, дар соли 2012 навсозӣ шуда буд.
Пайванди нави сомона https://web.president.tj/ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ