Сооронбой Ҷеенбеков ба Туркманистон меравад
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Туркманистон меравад.
Аз дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар доданд, ки сафари Ҷеенбеков рӯзҳои 23-24 август сурат мегирад. Дар бораи барнома ва ҷузъиёти сафари вай хабар дода намешавад.
Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, Ҷеенбеков дар саммити сарони кишварҳои муассиси бунёди ҳифзи баҳри Арал ширкат хоҳад кард.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон моҳи августи соли 2015 бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон омада буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ