Сооронбой Ҷеенбеков дар Тоҷикистон

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, баъд аз зуҳри 1-уми феврал бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, пешвоз гирифт.

Пас аз интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон дар интихоботи соли гузашта ин сафари нахустини расмии Ҷеенбеков ба Душанбе аст.

Қарор аст, ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот карда, равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, мушкилоти марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи “CASA-1000-ро баррасӣ намоянд.

Гуфта мешавад, масъалаи ташхиси марзи ду кишвар, хусусан роҳҳои ҳалли қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳад аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи сарони ду кишвар хоҳад буд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак то имрӯз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст ва мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Президент Сооронбой Жээнбеков (ба шеваи тоҷикӣ Ҷиянбеков) 16 ноябри соли 1958 дар деҳаи Қара Қулҷаи ноҳияи Совети вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Ӯ аз қабилаи адиген ва қавми ҷору мебошад. (то имрӯз дар Қирғизистон намояндаи кадом    қавму қабила будан таъсири зиёде дорад). Фаъолияти  меҳнатиашро ҳамчун муаллими забони русӣ оғоз намуда, баъдан Донишкадаи хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси зоотехник хатм кардааст. Дар мансабҳои гуногун, аз зоотехники совхоз сар карда, то мансаби Сарвазири Қирғизистон кор кардааст. Дар масоили сиёсӣ ҳамеша бо Алмосбек Отамбоев ҳамақида будааст ва дар интихоботи президентӣ низ аз пуштибонии ӯ бархӯрдор буд. Сооронбой дар  оилаи серфарзанди зиёиён ба камол расидааст ва 5 бародару 4 хоҳар дорад. Бародари калониаш академик Канторо Токтомоматов профессор, академик ва доктори илмҳои иқтисодӣ буд ва бародари дигараш як муддат вазифаи губернатории  вилояти Ҷалолободро ба дӯш дошт ва ҳоло сафир аст.  Жээнбеков соҳиби ду фарзанд-як писару як духтар мебошад.

Президент Кыргызстана прибыл в Таджикистан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *