Сооронбой Жеенбеков кист?

Натиҷаҳои интихоботи президентии Қирғизистон нишон медиҳанд, ки ин корзор бо пирӯзии Сооронбой Жеенбеков анҷом ёфт. Рақиби асосии ӯ Омурбек Бабанов шикасташро эътироф кард ва гуфт, ҳарчанд пирӯзии Жеенбеков «ҳалол” набуд, вале ӯ барои ғасби қудрат талош намекунад. Аммо раҳбари ояндаи Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков кист?

Сооронбой Шарипович Жеенбеков 59 сол дошта, 16 ноябри соли 1958 дар деҳаи Қара-Кулчаи вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди сеюми Шарип Жеенбеков буд. Хонаводаи Жеенбековҳо як хонаводаи пурнуфуз дар Ӯш ба шумор меравад ва ба авлоди жору аз қабилаи адигине тааллуқ мегирад.

Сооронбой Жеенбеков соли 1983 Донишкадаи кишоварзии Қирғизистон ба номи Константин Скрябинро бо ихтисоси зооинженер ва соли 2003 риштаи бухгалтерии Донишгоҳи аграрии Қирғизистонро хатм кардааст.

Жеенбеков собиқи кориашро соли 1976 ҳамчун муаллими забони русӣ дар мактаби ба номи Ленини ноҳияи Узгени вилояти Ӯш оғоз карда, баъди хатми донишкада солҳои 80 дар колхозҳои вилояти Ӯш ба ҳайси зоотехник, сарзоотехник, котиби кумитаи ҳизб кор кард ва солҳои 1991-1993 раиси совхози ба номи Улянови ноҳияи Совет ва солҳои 1993-1996 раиси колхози Қашқа-Жоли ноҳияи Қара-Кулҷа буд.

Соли 1995 Жеенбеков бори аввал вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Ӯ дар интихоботҳои солҳои 2000 ва 2005 бори дигар ба парлумон роҳ ёфт ва раҳбарии кумитаи аграриро ба даст гирифт. Моҳи апрели соли 2007 Жеенбековро вазири кишоварзӣ таъйин карданд, вале алакай моҳи октябри ҳамон сол аз ин мақом барканор гардид.

Сооронбой Жеенбеков дигар то поёни даврони ҳукумати президент Қурмонбек Боқиев ба мансабҳои давлатӣ роҳ наёфт ва ба тиҷорат машғул шуд. Сооронбой Жеенбеков ва бародаронаш дар рӯзҳои инқилоби моҳи апрели соли 2010, ки ҳукумати Боқиевро суқут дод, ба таври фаъолона дар эътирозҳо дар шаҳри Ӯш ширкат карданд.

Баъди суқути ҳукумати Боқиев Сооронбой Жеенбеков волии вилояти Ӯш таъйин шуд. Маҳз дар аҳди раёсати ӯ дар моҳи июни соли 2010 дар Ӯшу Ҷалолобод даргириҳои хунин байни қирғизҳову узбек сар заданд, ки мунҷар ба ҳалокати ҳудуди 500 нафар, аксар узбекҳо шуд.

Сооронбой Жеенбеков то соли 2015 ба вилояти Ӯш раҳбарӣ карда, сипас ба Бишкек омад ва моҳи декабри соли 2015 раиси Хадамоти давлатии кадрҳо таъйин шуд. Президент Алмосбек Отамбоев алакай баъди се моҳ дар моҳи марти соли 2016 Жеенбековро сарвазир таъйин кард. Ӯ аз ин мақом моҳи август баъди пешбарии номзадиаш ба президентӣ истеъфо дод.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентии рӯзи 15 октябр, Сооронбой Жеенбеков бо касби қариб 55 дарсади овозҳо дар ҷои аввал аст. Рақиби асосии Омурбек Бабанов ҳудуди 34 дарсад овоз гирифтааст.

Бабанов гуфт, шикасти ӯ дар интихобот натиҷаи маъракаҳои сиёҳкунӣ дар телевизионҳои давлатӣ ва истифодаи фаровони манобеи маъмурӣ бо ҳадафи таъмини пирӯзии Жеенбеков буд, вале ӯ ба ин натиҷаҳо тан медиҳад ва кадом азми бо зӯрӣ гирифтани қудратро надорад.

Бародарони Сооронбой Жеенбеков низ дар арсаи Қирғизистон шахсиятҳои хеле шинохтаанд.

Бародари калонии онҳо Канторо Жеенбеков то замони даргузашташ ректори Донишкадаи молиявии Ҷалолобод буд. Бародари дигари калонии президенти оянда Жусупбек Жеенбеков сафири Қирғизистон дар Кувайт аст. Додари ӯ Асилбек Жеенбеков аз соли 2011 то 2016 раиси Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон буд. Бародари панҷумаш Жиргалбек дар Қара-Кулҷа зиндагӣ мекунад. Додари хурдии онҳо Искандар Жеенбеков низ карйераи фавқулоддае дошт ва алакай дар синни 28 додситони вилояти Ӯш шуда буд, вале умр вафояш накард.

Сооронбой Жеенбеков ҳамчунин ду хоҳар дорад. Президенти ояндаи Қирғизистон ду фарзанд – як писар ва як духтар дорад, вале ҳаёти оилавиашро аз мазҳари ом пинҳон нигоҳ медорад.

Ба фарқ аз президенти кунунӣ Алмосбек Отамбоев, ки шеър менавишт, тарона мехонд ва асарҳои бадеиро тарҷума мекард, Жеенбеков як сиёсатмадори хеле хушку саропо технократ ба назар меояд. Хатти машши сиёсии ӯ низ чандон рӯшан нест ва Жеенбеков маъмулан бо ибораҳое, чун «роҳи Отамбоевро давом медиҳам” иктифо мекунад.

Замони раёсати президенти кунунии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 1 декабр ба поён мерасад. Интизор меравад, ҳамон рӯз маросими адои савганди раисиҷумҳури нав доир шавад. Ба ин ки маҳз Жеенбеков барои 7 соли оянда ба тахти раёсати ин ягона «ҷазираи демократия” хоҳад нишаст, дигар касе шубҳа надорад. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки Жеенбекови ба сурати умум технократ ин «ҷазираи демократия”-ро аз кадом роҳе пеш хоҳад бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *