Сорбон: Ман сигор не, оҳ мекашам…

Корвони умри устод Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба қуллаи 80 расид. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Бозгашт ба «Ҷӯгӣ»

-Дар миёни асарҳои нависанда яке шиносномаи ӯст. Гумон мекунам, шиносномаи шумо «Ҷӯгӣ» аст, ки соли 1978 ба нашр расида буд. Баъд аз 40 сол шумо ба ин мавзӯъ дубора баргаштед ва китоби дуюми «Ҷӯгӣ» соли гузашта ба дасти хонанда расид. Зарурати бозгашт ба ин мавзӯъ чӣ буд?

-Дар замони шӯравӣ банда наметавонистам, ки ба ин мавзӯъ рӯй наорам, зеро ман аз хурдӣ ҳаёти ҷӯгиёнро мушоҳида намудаву меомӯхтам. Чун ду-се повест навишта, таҷриба пайдо кардам, «Ҷӯгӣ»-ро эҷод кардам ва он хуш қабул шуд. Ҳатто дар Маскав хуб истиқбол ёфт. Мактубҳои зиёд мегирифтам. Мазмуни як мактуб аз зиндони Норак аз ёдам намеравад, ки чунин буд: «Сорбон дар халтаи кампири Чинӣ ба воя расидааст», яъне ин асар дар замони худ муассир буд. Зеро дар он бо баракати Ҳукумати шӯравӣ ва сохти сотсиалистӣ ҷӯгиҳо ба зиндагии колхозӣ пайваста, ҳамқадами ҳамаи мардум мешаванд. Бо барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷӯгиҳо тағйир меёбанд. Онҳо парокандагиро дида, худро озодтар ҳис мекунанд, аз номи тоҷикон ба давлатҳои дигар рафта, талбандагӣ мекунанд. Ва аз ҳама муҳим низоми зиндагии онҳо ҳам тағйир меёбад, урфу одаташон аз байн меравад… Ин аст муҳтавои «Ҷӯгӣ»-и дувум, ки аз рӯзгори ҷӯгиёни муосир қисса мекунад. Дар ин асар низ кампири Чинӣ – меҳмони доимии амондарагиҳо ширкат мекунад…

-Бештари эҷодиёти шумо ба зодгоҳатон — Амондара муртабит аст. Ба як навъе шумо аз Амондара баромадан намехоҳед. Сабаб чист?  

-Устод Максим Горкий гуфтаанд, ки зиндагӣ дар деҳот аст. Зиндагиро агар дурусттар дидан хоҳӣ, ба деҳот таваҷҷуҳ кун. Амондара хазина аст, ки ба ман ҳам мавзӯъ медиҳад, ҳам қаҳрамон ва ҳам забон. Амондара ҳанӯз кони кашфношуда аст, ки одамгариву ноодамгарӣ, шодиву ғам ва баду неки зиёд дорад. Ҳамаи ин чизҳоро омӯхта, дар асарҳоям мехоҳам хубиҳоро талқин ва бадтинатонро маҳкум кунам…

-Чун асарҳои шумо заминаи воқеӣ доранд, табиист, ки қаҳрамони воқеии амондарагӣ ҳастанд. Оё қаҳрамонҳои шумо худро мешиносанд? Агар ҳа, бархӯрдашон чӣ гуна аст?

-Албатта, мешиносанд. Бархӯрдҳо мухталифанд, ранҷиш ҳам ҳасту изҳори сипос низ. Бадтинатон худро шинохта ба шӯр меоянд,  аммо онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ислоҳ карда намешавад…

-Дар замони шӯравӣ осори нависандагонро Главлит назорат мекард. Медонем, ки асарҳои шумо низ борҳо мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Оё ба хотири Главлит боре асаратонро комилан тағйир додаед?

-Не, зеро моро дар ибтидо устод Турсунзода ҳимоя мекарданд. Вақте ба “Санги сипар” дарафтоданд, устод зимни муҳокима гуфтанд: “ман асари Сорбонро бо лупа хондам” ва таъриф карда гуфтанд: “Ба Сорбон нарасед”. Баъди марги устод ба романи “Актёр” дарафтоданд, вай дар маҷалла чоп нашуд, китоб шуда баромад. Дере нагузашта, дар Маскав ба нашр расид. Главлитро одамони нотавонбин вайрон мекарданд. Теъдоди нотавонбинон кам набуданд. Ҳатто онҳо муносибати моро бо устодон вайрон мекарданд. Ман бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев имони қавӣ доштам, аз ҷавонӣ мегуфтанд, ки асарҳои маро Сорбон таҳрир кунад… вале нотавонбинон ба миён даромада, устодро муқобили ман карданд.  «Актёр» аз нашр боздошта шуду дар муҳокима устод гуфтанд: “Шумо Маҳмудҷонро маъшуқа дорад гуфта, тасвир кардед, агар занаш хонад, чӣ мегӯяд…”. Ман шок шудам. Наход ин хулосаи устод бошад…

-Нотавонбинӣ дар замони шӯравӣ аз чӣ буд? Аз маҳалгароӣ ё чизи дигар?

-Аз беҳунарӣ, тамом!

Дар замони  Турсунзода ягон адиб бехона набуд

-Устод Мирзо Турсунзодаро ёдовар шудед. Эшон, воқеан, дар замони худ ҳомиву ҳодии ҷавонон буданд. Имрӯз назарҳо нисбаташон мухталиф аст. Шумо баъди гузашти солҳо ба эҷодиёт ва шахсияти он кас чӣ назар доред?

-Устод Тусунзода одами андак не, балки қосиди сулҳ ва шахсияти ҷаҳонӣ буданд. Аз ҳама муҳим эшон шоири хуб буданд. Агар шоир ба халқи худаш, ба адабиёти худаш хизмат кардан хоҳад, бояд мисли Турсунзода хизмат кунад. Ҳоло баъзан эшонро ба чашми кам мебинанд. Ҳатто дар давраҳои талотум “Турсунзода шоир нест” гуфта ҳам навиштанд, вале ман эшонро дар қатори шоирони барҷаста медонам. Он кас услуби ба худ хос доранд, шеъри фаҳмову одибаён менависанд, вале боназокат ва салис. Масалан, «Ҷони ширин»-ро ҳар кас гуфта наметавонад ё «Қиссаи Ҳиндустон»:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Ё:

Роҳи ягона роҳи Хитой аст,

Ибрат нагирад ҳар кас хатой аст.

Ба Худо ин пешгӯйии пайғамбарона аст. Ман ҳамин хел мефаҳмам. Дар масъалаи шеърият, ҳунари шоирӣ, ифода ва дигар қонунҳои шеърнависӣ ҳам ашъори устод беназир аст.

Эҷодиёташон як тараф, Турсунзода одамгарии баланд доштанд. Ҳама мукофотҳоро гирифта, бо рафтору эҷодашон исбот карданд, ки арзандаи ҳама унвони ҷоиза ҳастанд. 

Дар мавриди муносибати эшон ба нависандагон зиёд навиштаанд. Он кас истеъдодро қадр намуда, адиби хубро дастгирӣ мекарданд, аммо агар ранҷанд, ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Ҷавонон ҳамеша дар мадди назарашон буданд. Барои  мисол як лаҳзаро нақл мекунам.  Ману Лоиқ дар Панҷакент будем. Устод Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Убайд Раҷаб ва чанд нафари дигар ба сафари Ленинобод (ҳозир Хуҷанд) мебароянд ва сари роҳ дар Фалғар (ҳоло Айнӣ) таваққуф мекунанд.

Ба ман Убайд Раҷаб телефон карда, гуфтанд, ки мо дар Фалғар ҳастем, устод Турсунзода дар Панҷакент будани шуморо фаҳмида даъвататон доранд. Мо зуд ҳозир шудем ва як шабонарӯз дар маҳфили онҳо будем… Акнун тасаввур кунед, Турсунзода киву мо кӣ? Кӣ бо одам чунин рафтор мекунад?

Лоиқу Бозорро аз даҳҳо бало раҳонидаанд, ман ва дигар ҳамнаслони маро низ. Ману Лоиқро дар ҷавонӣ шикастанӣ, нест карданӣ буданд, нафароне буданд, ки наздашон рафта, моро сиёҳ мекарданд, аммо эшон моро ҳимоя намуданд. Махсусан, Бозорро зиёд дастгирӣ карданд. Корҳое, ки эшон карданд, хеши ҷониатон намекунад. Агар ҷавон хона надошта бошад, ба ҳукумати шаҳр рафта, хона гирифта медоданд. Дар замони Турсунзода ягон адиб бехона набуд…

Марги Бозор ва Қаноат маро абгор кард

-Дар мавриди Бозор Собир ёдовар шудед. Ӯ шоирест, ки аз ҷавонӣ дар обу оташ қарор дошт. Медонам, ки дар ҷавонӣ дӯст будед…

-Ман то ба охир бо Бозор на танҳо дӯст, балки бародар будам. Вай инсони аҷиб ва шоири хеле хуб буд. Бозор барои ман бародари ҷонӣ ва барои падару модари ман фарзанд буд. Мо ҳар сол як моҳ давраи мураххасӣ ба Панҷакент, ба шикор мерафтем. Мардуми деҳаи мо Бозорро аз ман зиёдтар дӯст дошт, аз ман зиёдтар эҳтиром кард… Ҳатто падарам ӯро писархонд карда буданд, гуфтанд, ки писаронатро биёр дар Амондара тӯй мекунем… Афсӯс, ки зиндагии ӯ на он гуна шуд, ки худаш мехост, бинобар ин, азоб кашид… Марги пасопеши ӯ ва устод Мӯъмин Қаноат, ҳамсояам маро абгор кард…

-Воқеан, шумо дар як кӯчаи аҷиб зиндагӣ мекунед. Аз Ҷалол Икромӣ то Сотим Улуғзода бузургтарин адибон ҳамсояи шумо буданду ва табиист, ки аз эшон хотироти  ҷолиб доред. Чун сухан аз устод Мӯъмин Қаноат рафт, мехостам дар мавриди эшон ҳарф занед.

-Устод Муъмин Қаноат одами пок буданд, натанҳо рӯҳашон, балки вуҷудашон,  танашон, ҳарфашон ва корашон пок буд. Мутаассифона, на ҳамеша дар атрофашон одамони поктинат ҷамъ меомаданд, бинобар гоҳо устодро аз роҳ мезаданд. Аммо назар ба дигарон эшон шахси хондагӣ, босаводтар ва ҷаҳонбиниашон васеътар буд.  Бо Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонов, Роберт Рождественский, Белла Ахмадулина, Евгений Евтушенко ва монанди  инҳо шинухез доштанд. Бинобар ин эҷодиёташон ҳам ба масоили ҷаҳон дахл карда, худашон ҳам зуд аз муҳити Тоҷикистон берун баромаданд. Аввалин касе, ки дар ҷодаи адабиёт ба ман дасти ёрӣ дароз карданд, устод Мӯъмин Қаноат буданд. Эшон ҳикояи «Хоб»-и маро дар маҷалла нашр карданд ва ҳамин тавр, роҳи ман ба адабиёт боз шуд. Ҳамеша дастгири ман буданд. Андешаҳои ҷолиб доштанд, чизҳои баланд мехостанд, аммо намедонам чаро солҳои охир нанавиштанд ё замон халал мерасонид ё намехостанд… намедонам. Ҳамсояи хуб буданд, ҳамроҳ ба маҷлисҳо мерафтем, аз ҳоли ҳамдигар хабар гирифта меистодем…

Моҷарои “Хокистари ишқ”

-Кӯчаи шумо бо ҳавлии Ҷалол Икромӣ оғоз мешавад. Эшон аз аввалин нафароне ҳастанд, ки нахустин ҳикояи шуморо шадидан дар съезди Иттифоқи нависандагон танқид карда буданд.  Ин интиқод  метавонист, ки роҳи як нависандаро пурра ба адабиёт бандад… Баъдан муносибати эшон ба шумо чӣ гуна буд?

-Қабл аз ҳикояи «Хокистари ишқ» ҳикояи «Гап дар дил»-ро назди устод Ҷалол Икромӣ бурдам, он кас хонда, баҳои баланд доданд. Вале дар анҷуман гуфтанд, ки кадом як ҷавон “Хокистари ишқ” навиштааст ва маро барои зидди ҷараён буданам танқид кардаанд. Сабаби танқид сюжети ҳикоя буд, ки ба хонаводаи устод тааллуқ дошт. Писари Икромӣ Ҷонон аз духтари Раҳим Ҳошим ҷудо шуданд. Икромӣ ба писарашон арӯс мекофтанд. Ҷонон ба духтари шахси дуюми Тоҷикистон дил баст, ки ҳамроҳи мо мехонд. Вале духтар Зафар Нозимро дӯст дошт. Моҷарои ҳамин ишқ муҳтавои ҳикояи “Хокистари ишқ” буд, бинобар ин, мавриди интиқод қарор гирифт. Лекин ман аз устод Икромӣ наранҷидаам ва ба эҷодиёти эшон эҳтиром қоилам. «Духтари оташ» дар адабиёти тоҷик асари беназир аст ва ман онро аз асарҳои адабиёти ҷаҳон кам намедонам. Як бор эрод гирифтам, ки дар «Духтари оташ» долу дарахт навиштаед, ки ғалат аст, шакли дурусташ дору дарахт мебошад. Устод табассум карданд… Муносибатамон то охир хуб буд.

Одил Нозир бо устод Сорбон

Фоҷиаи Улуғзода

-Ҳамсояи девор дар миёни шумо устод Сотим Улуғзода буданд. Мехоҳам аз эшон ёд кунед…

-Устод Сотим Улуғзода нисбат ба дигар шоиру нависандагони мо босаводтар буданд, зеро эшон адабиёти классикӣ ва ҷаҳонро фаро гирифтаанд. Аз оғоз Улуғзода асарҳои ҷолиб менавиштанд, вале баъди “Фирдавсӣ” ва “Қисмати шоир” забонашон, сабки навиштанашон комилан тағйир ёфт. Адабиёти классикӣ ба рӯҳияи он кас бетаъсир намонд. Боре ин ҳарфро ба худашон гуфтам: “Находе… аз куҷо фаҳмидед”,- гуфтанд. Тарҷумаҳояшон низ беназиранд. Ончунон тарҷума кардаанд, ки мегӯед асарро навиштаанд. Устод як одат доштанд, ки асарҳо ва тарҷумаҳояшонро гаштаву баргашта таҳрир мекарданд.

Баъде ки ҳодисаҳои мудҳиш ба сарашон омад, худашон бо худашон буданд. Таги гапро фақат худашон медонистанд. Медонистанд, ки ин фоҷиаҳо ҳамин тавр ба вуҷуд наомадааст. Бисёриҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ рафта буданд, вале касе сарнавишти Улуғзодаро надошт. Бадбахтиҳои Улуғзода аз нотавонбинӣ ва хусумати шахсӣ буд, зеро дар як мамлакат ду подшоҳ ва дар дар як гилем ду лашкар намеғунҷад. Ба ирода ва асабҳои эшон қоил шудан лозим… Ҳоло, албатта, ҳавлӣ аз они Улуғзода нест, вале ҳар гоҳ ҷониби хонаашон менигарам, шаҳомат ва салобаташон ба ёдам меояд. 

-Ҷое хонда будам, ки Сотим Улуғзода ният доштанд, дар бораи хонадони Сомониён роман нависанд. Оё ин ҳарф асос дорад?

-Намедонам, боре дар суҳбатҳои мо бо эшон чунин ҳарф набуд. Гумонам Улуғзода чизе, ки дар бораи Сомониён гуфтан мехостанд, дар “Фирдавсӣ” ва “Қисмати шоир” гуфтанд…

Мехоҳам дар бораи Маздак нависам

Устод, забони шумо аз забони нависандагони дигар ба куллӣ фарқ мекунад. Худойназар Асозода мегуфтанд, ки Сорбон айнивор менависад. Эшон истифодаи фаровони забони халқро дар эҷодиётатон дар назар доштанд…

-Одам ҷувол-ҷувол гап дорад, лекин навишта наметавонад, зеро забонро намедонад. Ман забонро сегона медонам: модарӣ, музофотӣ ва классикӣ ва ҳар серо барои нависанда муҳим медонам. Забони модарӣ бояд омӯхт, аз забони деҳу музофот бояд гирифт ва аз забони классикӣ бояд бархӯрдор буд. Модар бузургтарин донандаи забон аст, ӯ ҳамаи ашёро ном ба ном медонад, матоъҳоро мешиносад, ба чӣ кор меояд, медонад. Халқ хазинаи забон аст, адабиёти классикӣ бошад, ганҷина.  Ман фикр мекунам, ки касе забонро хуб намедонад, беҳтар аст нанависад. 

-Чаро шумо дар вазифаҳои баланд кор накардед?

-Барои он ки талош накардам. Баъди хатми донишгоҳ ба радио, аз он ҷо ба рӯзнома ва баъдан дар Иттифоқи нависандагон кор кардам. Гӯё кор кардам, аммо вуҷудам кор намекунад, зеро мегурехтам ва ба бӯстонсароям рафта, асар менавиштам. Ҳоло ҳам гарчанде қувватам камтар аст, вале хоҳиши навиштан дорам… Барои ман муҳимтарин кори ҳаётам навиштан аст, кору курсиву вазифа не. Ҳеҷ гоҳ назди касе барои унвону ҷоиза нарафтаам, бинобар ин аз ҳама дер Нависандаи халқии Тоҷикистон шудам. Барои ин аз Президенти кишвар сипосгузорам. На танҳо барои унвон, балки барои нашри асарҳоям ба ҷое муроҷиат накардаам…

-Ҳоло чӣ менависед?

-Чандест, ки мехоҳам дар бораи Маздак асар нависам, аммо хеле сангин аст… Намедонам, зӯру тавонам мерасад ё не…

Як насиҳати падар

-Устод шумо ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшидаед. Сабаб чист?

-Сабаб як насиҳати падар. Падарам бочкаи виноро бо пояшон тела дода меоварданд, майишатчӣ ва айшу ҷӯрабоз буданд. Вақте дар синни 14 — солагӣ ба Омӯзишгоҳи Панҷакент шомил шудам ва аз хонаи падар баромадам, чунин насиҳат карданд: “Ман об гуфта шароб нӯшидам, лекин ягон фоида надидам. Аз ман насиҳат, ки шароб нанӯш ва тамоку накаш…” Ҳамин тавр, ман ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшидам. Сигор ҳам кашиданам мумкин набуд. Оҳ, кашидан мумкин, лекин сигор не…

-Як насиҳати падар, шуморо ин ҳама сол ҳамроҳ буд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки шумо тарбияи хуб гирифта будед. Оё фарзандони худро низ чунин тарбия карда тавонистед?

-Шукр, ҳазорон шукр. Ман 8 фарзанд дорам, ҳамаашон соҳиби кор, хона ва зану фарзанд ҳастанд. Шумораи набераву абераамро нашумурдаам, ки Худо боз диҳаду зиёд шаванд. Рӯзҳои нек бинанд. Фарзандони хуб дорам, образҳояшонро дар асарҳоям офаридаам, ки баъзе чоп шуду баъзе не. «Даричаи дил» ном асар навиштам ва писари калониамро бо номи худаш овардам, ба он хотир, ки фарзанд, агар шавад, ҳамин қадар шавад…

Зиндадаргӯр…

-Корвони умри шумо ба 80 расид… аз ин қулла ба кӯдакии худ чӣ гуна назар мекунед?

-Кӯдакии мо чандон ширинӣ надошт, талхиҳо ҳам дошт, норасоиҳо ҳам, лекин намедонам, ки чаро кӯдакони дар замони ҷанг, пеш аз ҷанг ва баъди ҷанг тавлидушда худро шер мегирифтанд, на рӯбоҳ. Шояд ба хотири он ки ҳама барои як кас, як кас барои ҳама кор мекард… Агар устод Айнӣ хоки дари мадрасаро чашидаву 75 дарра хӯрда, ба воя расида  бошанд, мо хоки роҳ, хоки замин, хоки гандумпаяро бо даҳону бинӣ хӯрда, ба воя расидем. Ин чӣ қисмат буд… намедонам. Замони ҷанг ба ҳама маълум, лекин бадтараш баъди ҷанг буд. Бисёриҳо барнагаштанд, бедарак шуданд… дард баъди ҷанг шурӯъ шуд. Беҳуда устод Қаноат достони «Бародарам»-ро нанавиштаанд. Чаро асарҳои мо дард дорад, барои ин ки мо эрка, нозгунҷ калон нашудем. Ман ҳама кореро, ки падарам ба дӯш гирифтанд, кардам.  Падарам пода гирифанд, подабонӣ, галабон шуданд, галабонӣ, ҷувоз гирифтанд ҷувозкашӣ, осиёб гирифтанд, осиёббонӣ кардам. Ҳама кори деҳотро кардам, то замоне ки ба омӯзишгоҳи Панҷакент омадам, ин ҳам бо талқини падарам, ки мегуфтанд: бихон.

-Чанд нафар будед, аз падар?

-3 духтару як писар.

-Аз модар чӣ ёдгор доред?

-Як акс, ки дар рӯйи ҷойнамоз ҳастанду фақат нисфи рӯяшон намудор аст. Чун фаришта… Ман ба падару модарам хизмат карда натавонистам, хизмати ман китобҳоям аст… Аммо орзу дорам, ки падару модари ҳама мисли ҳамонҳо бошад ва фарзандони ҳама мисли мо… Аз даст додани волидонам ва наздиконам бароям сангин буд. Ман падарам, модарам ва ду хоҳарамро ба гӯр мондам, нахостам аз гӯр бароям, маро кашида мебароварданд. Ҳолати дохили гӯрро қисса навиштам бо номи “Зиндадаргӯр”… Як хоҳари дигарам мондааст, намедонам, ки ӯ пеш ё ман… Дигар парвое надорам…

Мусоҳиб

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *