Сорбон занашро заду ҳукм гирифт

Додгоҳи ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро барои латукуби ҳамсараш дар дохили шифохона ба як соли шартии зиндон маҳкум кардааст.

Вазорати умури дохилӣ дар нашрияи “Қонун ва ҷомеа” аз рӯзи 20-уми декабр хабар дод, и Сорбон ном ҷавоне моҳи сентябри имсол бо ҳамсараш Куганова ба шифохонае дар ноҳияи Сино меоянд ва байнашон моҷаро мехезад.

“Ҳангоми дар беморхона қарор доштанашон, онҳо миёни ҳам муноқиша намуда, ў нисбати ҳамсари худ суханони қабеҳ зада, бо мақсади содир намудани ҷинояти таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ занро зери лату кўб қарор медиҳад. “

Баъди ин ҳодиса Сорбонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд ва ӯ барои таҳдиди куштан ба ҳамсар ва осеб расондан ба сиҳатии ӯ ба як соли зиндон маҳкум шудааст.

Азбаски Сорбон ваъда додааст, ки дигар ба ҳамсараш Куганова зӯровариро раво намебинад ва “ислоҳ мешавад”, додгоҳ ӯро паси панҷара нафиристода, ҳукмашро ба зиндони шартӣ иваз кардааст. Ному насаби пурраи ин ҷуфт, сокини куҷо будану замони судури ҳукмро эълон накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *