Соро Аҳмадова “Туро бар дигаре додам”-ро бозхонӣ кард
Яке аз сарояндагони хушовозу ҷавони тоҷик Соро Аҳмадова таронаи навбатии худро барои мухлисонаш нашр кард.
Соро Аҳмадова суруди машҳури “Туро бар дигаре додам”-ро бо услуби хоси худ бозхонӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин ба ин суруд намоҳанг ҳам омодаву нашр намудааст.
Дар намоҳанг дида мешавад, ки овозхон бо либоси сурху сафед дар роҳи қатора нишаставу рост истода, суруд мехонад. Инчунин, дар аксар ҳолат ҳавои туман нишон дода шудааст, ки ба мазмуни суруд мувофиқ омадааст.
Илова бар ин, дар лаҳзаҳои муайян худи сароянда ғижжак менавозад, ки таъсирнокии намоҳангро зиёдтар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Соро Аҳмадова аз ҷумлаи овозхонҳои ҷавону умедбахши тоҷик аст, ки дар сурудҳояш мазмуну мантиқро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ