Сорос Путинро ба ҷиноятҳои зидди инсонӣ гунаҳкор мекунад
Ҷорҷ Сорос, муассиси бунёди «Ҷомеаи боз» гуфтааст, дар «фоҷеаи инсонии таърихан бузург»-и Ҳалаб Русия айбдор аст.
Ба гуфтаи вай, масъулияти бомбаборони сокинони осоиштаи Ҳалаб, ки ҳавопаймоҳои Русия ба ҷонибдорӣ аз нерӯҳои хушкигарди режими Башор Асад анҷом медиҳанд, ба зиммаи президент Владимир Путин хоҳад буд.
«Дар натиҷаи ин амалиёти ҳарбӣ беморхонаҳо аз фаъолият монда, сокинон бо камбуди об рӯбарӯ шудаанд», — омадааст дар изҳороти Сорос.
Ҷорҷ Сорос аз мардуми Русия ва ҷаҳон даъват кардааст, ки бетараф набошанд ва ғазаби худро ба ҳаводиси ҷорӣ ошкоро баён кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, фишори афкори ҷомеа метавонад Путинро водор ба қатъи ҷиноятҳои зиддиинсонӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ