Сотсиал-демократҳо байкот накарданд, журналист даъвои вакил шудан дорад

Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон анҷуманҳои худро баргузор карда ва феҳристи номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро тасдиқ карданд. Ҳамакнун пешбарии номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ оғоз гардида ва дар ин ҷабҳа Ҳизби халқии демократӣ аз аҳзоби дигар фаъолтар буда, номзадҳои хешро пешбарӣ кардааст.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари кишвар 41 ҳавзаи якмандатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил шудааст. Дар назар аст, дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 41 вакил интихоб шавад.

Ҳизби сотсиал-демократ: Интихоботро таҳрим намекунем

Дар қарори Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки 5 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шудааст, ки ин ҳизб интихоботи парлумониро таҳрим накарда, бо 8 номзад дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат хоҳад кард. Қаблан бархе аз аъзои фаъоли ин ҳизб эълон доштанд, ки ба далели зиёд будани маблағи гаравпулӣ ва ношаффоф будани раванди интихобот аз ширкат дар ин маърака худдорӣ хоҳанд кард. Дар феҳристи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ чеҳраҳои саршиноси ин ҳизб, назири Раҳматилло Зойиров ва Шокирҷон Ҳакимов шомил шудаанд. Масъулони ҲСДТ мегӯянд, ки мумкин аст чанд узви ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзадии худро пешбарӣ кунанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботи қаблии парлумонӣ ширкат карда ва ноком шуда буд. Ба эътиқоди коршиносон, бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти  суст ва аз маҳбубияти чандоне бархӯрдор набудани ҲСДТ  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон гумон аст, ки дар интихоботи феълии парлумонӣ низ ин ҳизб ба муваффақияти чашмрасе ноил шавад. Вале имкон дорад ҲСДТ аз фурсати муносиби ширкат дар корзори интихоботӣ ва мулоқот бо интихобкунандагон аз вуҷуди худ хабар дода ва барномаю оинномаашро муаррифӣ кунад.

Зимнан, дар моҳи гузашта Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни як номаи саркушода  бо ироаи далелу фактҳо гаравпулии интихоботиро ғайриқонунӣ хонда ва аз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон даъват карда буд, ки то гаравпулиро бекор кунад. Ҳамчунин, вай дар ин замина ба Суди конститутсионии Тоҷикистон муроҷиат карда, аммо посухе дарёфт накардааст. Миқдори гаравпулии интихобот 5800 сомониро ташкил медиҳад. Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Усмонзода, роҳбарони ҳизбҳои сосиалист ва демократ иброз доштанд, ки бинобар мушкили пардохти гаравпулӣ натавонистаанд теъдоди бештари номзадҳоро ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ пешинҳод кунанд.

Вазирон вакил мешаванд?

Тибқи гузоришҳои расида, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар як ҳамоиши Ҳизби халқии демократӣ аз ҳавзаи ноҳияи Ҷайҳун ба вакилии Маҷлиси намояндагон номзад шудааст. Ҳамчунин, номзадии Солеҳа Холова, муовини раиси шаҳри Турсунзода ба вакилии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода  пешбарӣ гардидааст.

Дар ҳафтаи гузашта Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардид. Вай аз соли 2012 дар курсии вазири адлия қарор дорад. Зимнан, дар феҳристи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, ки  номзадии 28 тан аз аъзои ин ҳизб пешбарӣ шудааст, исми мансабдорони дигари давлатӣ шомил гардидааст. Масалан, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҷумлаи ин афрод маҳсуб мешаванд. Гуфта мешавад, ба далели маҳбубияти Ҳизби халқии демократӣ миёни мардум ва надоштани рақибони сарсахту саршинос имкони пирӯзии номзадии ин мансабдорон дар интихоботи парлумонӣ бештар кардааст.

Дар ҳоле ки то замони баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон камтар аз се моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аҳзоби сиёсии дигар номзадҳои худро аз ҳавзаҳои якмандатӣ эълон накардаанд ва фазои пешазинтихоботӣ низ гарм ба назар намерасад.

Журналист довталаби курсии парлумон

 Хабарнигори пешини Шабакаи телевизони Тоҷикистон ва нашрияи «Имрӯз News» Завқибек Саидаминӣ, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” аз нияти ҳамчун номзад ширкат кардан дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣ хабар дод. Солҳои ахир Саидаминӣ ба соҳибкорӣ машғул шуда, фурӯшгоҳи молҳои кӯдаконаеро  ифтитоҳ кардааст. Вай қасд дорад аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Файзобод сабти ном шуда ва дар корзори интихоботӣ иштирок кунад.

Ба гуфтаи коршиносон, аз солҳои 2000 то ба ҳол дар ин ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ҳеҷ як номзади ҳизби мухолиф ё мустақил пирӯз нашудааст. Вале Завқибек Саидаминӣ навиштааст: “Мехоҳам иштирок кунам ва бубинам, онҳо бо мо чӣ гуна рафтор мекунанд. Ҳоло соли 2015-ум нест, соли 2020 аст.»

Вай дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар додааст, ки ягон пуштибони муқтадир надорад, “танҳо бо кумаки молии бародарони муҳоҷирам аз тариқи худпешбарӣ барои касби курсии вакилӣ талош мекунам”. Вале  Мӯҳсини Зикрулло, як корбари шабакаи “Фейсбук”, дар шарҳи эълони Завқибек Садаминӣ барои пешбарии номзадиаш навиштааст, «ҳамчун номзади собиқ маслиҳат медиҳам, ки вақт ва маблағи худро беҳуда сарф накунед». Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шароит барои пешбарӣ ва таблиғоти номзадҳо баробар аст ва интихоботҳо низ шаффоф мегузарад.

Муҳоҷирон ва интихобот

Дар моҳи гузашта дар мавриди додани имконот ва шароити лозима барои ширкати намояндагони муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумони Тоҷикистон пешниҳодҳо садо доданд. Аз ҷумла, Аҳмад Каримзода, намояндаи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав дар ютубканалаш иддао дошт, ки дар интихоботи парлумони Тоҷикистон  бояд якчанд намояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок карда, шомили Маҷлиси намояндагон шаванд. Зеро ба гуфтаи вай, дар ҳоли  ҳозир беш 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта ва  “ҳузури як ё ду намояндаи онҳо  дар парлумон ҳеҷ ҷои бадӣ надорад”.

Моҳи декабри соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш Санкт-Петербурги Русия бо донишҷӯёну муҳоҷирон ва дигар аъзои ҷомеаи тоҷиконистонӣ мулоқот карда ва аз онҳо даъват кард, ки дар интихоботҳои соли 2020-и Тоҷикистон фаъолона иштирок кунанд. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд дар шаҳри Сакт-Петербурги Русия анҷом шуд.  

Масъалаи овоздиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия то андозае мушкил шудааст. Зеро тибқи тағйироте, ки моҳҳои март ва июли соли 2014 ба Қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуд, ҳавзаҳои раъйдиҳӣ танҳо дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ боз хоҳанд шуд. Дар ин маврид танҳо Русия дар назар нест, балки кишварҳои дигари Аврупо ва Осиёву Амрико низ дохил мешаванд. Дар натиҷа, дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 дар Русия танҳо се ҳавзаи интихоботӣ-дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва консулгариҳои ин кишвар дар шаҳрҳои Екатеринбургу Уфа барои овоздиҳии муҳоҷирон боз шуданд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 дар шаҳрҳои Русия 24 қитъаи овоздиҳӣ боз шуда буд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад. Намояндагони ҳизбҳо ва афроди алоҳида барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон рақобат мекунанд. Вакилон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд.

Мардони Муҳаммад,

 “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *