СОВИД -19 маҷбур кард, ки Дилноза дар таксӣ таваллуд кунад
Тавре як сокини Муминобод гуфтааст, ки Дилнозаи Рашидҷон аз ин ноҳия дар даруни таксӣ, дар даромадгоҳи таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб тавллуд кардааст.
Ба гуфти ӯ посбон барои ворид шудан ба таваллудхона аз онҳо пул талаб кадааст. Ин зан барои таваллуд 20 километр роҳро тай карда, ба зоишгоҳи шаҳри Кӯлоб меояд , вале азбаски дари бемористонро зуд накушодаанд, тифлро дар таксӣ ба дунё меояд. Посбон бошад, гуфтааст, ки дар бораи зани ҳомила хабар надошт ва дар шароити коронавирус маҷбур буд киву чӣ кора будани онҳоро пурсад. Ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 27-уми август рух додааст. Сафаралӣ Намозов, хусури Дилнозаи Рашидҷон, мегӯяд, «посбон гуфт, даромадан мумкин нест. Пурсид, ки як сомонӣ диҳем. Келинам дар роҳ таваллуд кард. Духтуронро илтимос карда овардам.»Намозов бовар дорад, агар дар даромадгоҳ таъхир намешуд, арӯси хонадон дар шароити муносиби беҳдоштӣ таваллуд мекард. Дар ҳамин ҳол, посбони дармонгоҳ мегӯяд, аз роҳбарият дастур гирифта буд, ки ба даромадани мошинҳои бегона иҷозат надиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ