Созиши Туркия ва ИМА: амалиёт дар шимоли Сурия қатъ мешавад
Анқара ва Вашингтон дар бораи қатъи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия ба созиш расиданд. Дар ин бора Майкл Пенс баъди мулоқоташ бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар шаҳри Анқара хабар дод.
Қатъи муваққати амалиёт 120 соат идома меёбад. Тайи ин муддат гуруҳҳои мусаллаҳи курд бояд минтақаи амалиётро тарк кунанд. Сипас Анқара амалиёташро ба поён хоҳад расонд.
Ба гуфтаи Пенс, Вашингтон зидди Анқара таҳримҳои нав эълом намекунад ва маҳдудиятҳои ҷорӣ пас аз қатъи даргириҳо бекор карда хоҳанд шуд.
«Хабари хуш аз Туркия! Ҳаёти миллионҳо одам наҷот дода мешавад», — навишт Пенс дар Твиттер.
Мулоқоти Пенс ва Эрдуғон беш аз дувуним соат идома ёфт. Худи Эрдуғон пештар маъмурияти намояндагони ИМА-ро шубҳаовар номида, гуфт, бо онҳо мулоқот намекунад, вале дертар аз фикраш гашт. Президенти Туркия ҳатто гуфт, аз таҳримҳои ИМА ҳарос надорад.
Амалиёти низомии Туркия зидди гуруҳҳои курд дар шимоли Сурия 9 октябр оғоз шуд. Ин амали Анқараро дар Вашингтон танқид карданд, вале Трамп гуфт, ба он дахолат нахоҳад кард. ИМА аз курдҳо ба ҳайси ҳампаймони асосии худ дар мубориза бо ДИ ҳимоят мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ