Созишномаи деринтизор байни Тоҷикистон ва Чин

Парлумони Тоҷикистон созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Чинро дар заминаи ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонид. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 ноябр зимни муаррифии ин тарҳ дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки ин созишнома 21 январи соли 2007 дар Пекин ба имзо расида буд, аммо муддати 9 сол ба тасвиб нарасид.

Ҷаноби Ганҷалзода, сабаби ин амрро дар баҳсҳо бар сари андозбандии ширкатҳои ҳавопаймоии граждании Тоҷикистон ва Чин унвон кард ва гуфт, ки билохира ин мавзӯъ ҳал шуд ва ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар ду кишвар аз пардохи андоз ва боҷи гумрукӣ озод шудаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, ширкатҳо метавонанд дар масълалаи харидорӣ ва интиқоли таҷҳизот, ба хусус ҳавопаймои тамғаи МА-60 аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод бошанд. Миёни Тоҷикистон ва Чин 8 хатисайри ҳавопаймо фаъол аст ва ҳавопаймоҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ба шаҳрҳои Урумҷӣ ва Пекини Чин мусофиронро интиқол медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *