Созишномаи нави ДМТ бо Донишгоҳи технологии Беларус

Дар миёни  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ҷумҳурии Беларус оид ба омода намудани мутахассисон дар зинаи бакалавр созишномаи нав ба имзо расид.

Дар ин бора Хайрулло Ғафуров, проректор оид ба робитаҳои байналмилалии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи  иттилои манбаъ, созишномаи навбатӣ бо факултаҳои кимиё ва физикаи донишгоҳ рабт дошта, ҳамакнун мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои «Технологияи кимиёии коркарди моддаҳо, мавод ва маҳсулоти ғайриорганикӣ» ва «Технологияи кимёии моддаҳо, мавод ва маҳсулоти органикӣ» омода карда хоҳанд шуд.

Тибқи созишномаи мазкур минбаъд донишҷӯён метавонанд, ки ду соли таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ду соли баъдиро дар Донишгоҳи технологии Беларус идома диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *