Созишномаи роҳи оҳан: Чаро ин бор Туркманистон нест?

30 декабр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи собиқ)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон,  Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс  имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, сохтмони ин роҳи оҳан аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, ба кам шудани хароҷоти нақлиётии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, тақвияти рушди содирот, зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ бо Афғонистон ва ба эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард бо назардошти кам кардани сарбории роҳ мусоидат менамояд.

Созишнома барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обӣ (Бандар Аббос, Чорбаҳори Эрон ва Гавадари Покистон) замина мегузорад.

Зимнан, рӯзҳои 5-6 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки баргузор гардид ба таҳияи Созишномаи мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд.

Қобили зикр аст, ки идеяи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон замоне ба миён омада буд, ки Тоҷикистон аз роҳбандони Ӯзбекистон дар замони раёсати президент Ислом Каримов ранҷ мекашид.

Бунёди сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки бештар аз 600 километрро ташкил медод, моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуд ва Туркманистон бунёди қисмати 88-километрии роҳ то марзи Афғонистонро ба поён расонда буд.

Аммо аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт пешравиҳои назаррас сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи коршиносон,  маҳз аз омил сабаби роҳбандиҳои тӯлонии Туркманистон барои нақлиёти Тоҷикистон ва адами ҳузури ин кишвар дар Созишномаи бунёди роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Афғонистон будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *