Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Гирифторӣ ба COVID-19 коҳиш ёфтааст
Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон дар як ҳафтаи охир коҳиш ёфта, сатҳи фавт 4% зиёд шудааст.
То рӯзи 17-уми июн ба СУТ дар бораи 543 151 357 ҳолати сироятёбӣ ва 6 338 140 ҳолати фавт маълумот расидааст. Теъдоди гирифторон дар як шабонарӯз 568 952 нафар ва фавтидагон 1296 нафар афзоиш ёфтааст.
Омори СҶТ танҳо маълумоти расман аз ҷониби давлатҳо тасдиқшударо дар бораи ҳолатҳо ва фавтҳо дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ки нишондиҳандаи гирифтории 200 миллион нафар 5-уми август, 250 миллион нафар 9-уми ноябри соли гузашта, 300 миллион нафар 8-уми январ, 350 миллион нафар 25-уми январ, 400 миллион нафар 10-уми феврал, 450 миллион нафар 10-уми март ва 500 миллион нафар 13-уми апрели соли равон сабт шуда буд.
— Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 3 ҳолати охири сирояти коронавирус моҳи феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз оғози бақайдгирии COVID-19 то имрӯз дар маҷмуъ 17388 нафар сироят ёфта, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Илова бар ин, то имрӯз 124 нафар шаҳрвандони кишвар бар асари ин беморӣ фавтидаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ