Созмони ҷаҳонии тандурустӣ партовҳои тиббии Тоҷикистонро маҳв мекунад (аудио)

Дар бинои Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули 14 адад инсинераторҳо, ки дар доираи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) оид ба “Устувор намудани системаи глобалии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” харидорӣ карда шудааст, сурат гирифт.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ин маросим зикр гардидааст, ки партовҳои тиббӣ ба кормандони соҳаи тиб, беморон ва муҳити атроф зарари зиёд мерасонад, аз ин лиҳоз, бехатар ҷамъоварӣ намудан, интиқол додан ва маҳв кардани партовҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалитяноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

— Дастгоҳҳои мазкур ё ба истилоҳ инсинераторҳо шароити мусоидро барои муттамарказ несту нобуд сохтани партовҳои тиббӣ фароҳам оварда, мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳо дастрас ва васл карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *