Шӯрои уламо: Спирт нанӯшед, ғарғара кунед

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани спирт барои пешгирӣ аз бемории коронавирус посух гуфтааст.

Шероз, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар суол кардааст, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус пас аз намози витр каме спиртро бо оби ҷўшомада омехта карда, бо он ғарғара кунем ё онро бинўшем, оё дуруст аст?

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, агар табиб иҷозат дода бошад, пас метавонед бо омехтаи спиртоб даҳонро ғарғара кунед, аммо нўшидани он дуруст нест.

Шӯрои уламо ба ин нафар тавсия додааст, ки беҳтар аст, ки шумо барои ғарғара ва шустани даҳону бинӣ аз содаоб истифода баред.

Ёдовар мешавем, ки дар ибтидо расонаҳо навишта буданд, ки нӯшидани машрубот хатари сироятёбӣ бо коронавирусро коҳиш медиҳад, вале баъдан исбот шуд, ки нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ иммунитетро паст карда, хатари сироятёбиро ба коронавирус афзоиш медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *