Темурҷон Нумонзода

Спитамен: Чаро муроҷиат ба мақомот кам гардид?

Дар соли 2022 муроҷиат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен 240 адад нисбати соли қаблӣ кам гардидааст. Шаҳрвандон асосан бо масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин ва кумакпуливу хизматрасониҳои тиббӣ муроҷиат намудаанд.

Дар соли 2022 ба МИҲД-и ноҳия 2 ҳазору 153 адад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муроҷиат намудаанд, ки нисбати соли гузашта кам аст. Дар ин бора Темурҷон Нумонзода — раиси ноҳияи Спитамен дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

“Муроҷиати ҳамаи шахсонро мо қабул менамоем. На танҳо муроҷиатҳои хаттӣ, балки дар рӯзҳои қабул низ шаҳрвандон камтар муроҷиат намудаанд”,- илова намуд раиси ноҳия.

Дар соли 2022 аз ҷониби раиси ноҳияи Спитамен 300 нафар шаҳрвандон дар рӯзи шанбе қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 155 муроҷиат кам аст.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *