Спитамен: Зиёда аз 40 ҷинояти коррупсионӣ дар се моҳ

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ноҳияи Спитамен дар масъалаи фассод дар ҷойи аввал меистад.

Тавре аз Раёсати Агентии мубориза алайҳи коррупсия дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҷамъбасти се моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд дар маҷмӯъ 176 ҷиноятӣ коррупсионӣ ошкор шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш ҳолат зиёд аст.

Тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен- 42, Хуҷанд- 31, Панҷакент 23, Истаравшан 22 ва Мастчох 15 ба чашм мерасад.

Бештари ҷиноят дар Кумитаи заминсозӣ 26 ҷиноят ва Мақомоти маҳаллӣ 14 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра вобаста ба замин дар маҷмӯъ 42 ҷиноят нисбати 18 нафар ошкор гардида, 36 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Маблағи зарар вобаста ба ин ҷиноятхо 106500 сомонӣ ва 220900 долларро ташкил дод. Ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони маориф низ ташвишовар буда, дар давраи сипаригашта 25 ҳолатро ташкил медиҳанд. Шаҳрвандону соҳибкорон бошанд дар се моҳ ба 64 чинояти хусусияти коррупсионӣ дошта даст задаанд. Маблағи умумии зарар аз ҳисоби 176 ҷиноятӣ содиршуда 3,8 млн сомонӣ буда, аз он 902 160 сомонӣ зарар ба давлат буда, то ба имрӯз аз тарафи кормандони раёсат 1 млн сомонӣ барқарор намуданд.

Мадина Почоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *