Сабти ном ба “Green Card” оғоз гардид

Аз 2-юми октябр сабти номи онлайнӣ дар барномаи «Diversity Visa»-2026 ё худ лотереяи «Green Card»оғоз гардид ва он то 5-уми ноябри соли 2024 давом мёбад.

Тибқи эълони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ягона роҳи дархост барои ширкат дар ин барнома тавассути сомонаи https://dvprogram.state.gov мебошад.

Агар шумо хоҳиши мустақилона пур кардани  саволномаро бо забони англисӣ доред, дар суроғаи зер dvprogram.state.gov метавонед пур намоянд. Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирӣ дар барнома ройгон аст.

Пур кардани ҳамаи пурсишҳо танҳо 30 дақиқаи вақтатонро мегирад ва баъд аз он ки шумо ҳамаи пурсишҳоро пур кардед, боз як имконияти баргаштан аз назар гузаронидани пурсишномаи пуркардаатонро доред.

Албатта, шумо метавонед бо шиноснома тоҷикӣ низ сабти ном кунед, чун ин қонун шуруъ аз соли 2022 аллакай фаъол шуд, вале Сафорати Амрико дар Тоҷикистони тавсия медиҳад, ки агар шумо шиносномаи хориҷӣ доред, беҳтар аст тавассути он пур кунед, чун давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди Грин-корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад.

Дар рафти пур кардан хеле бодиққат бошед, чун шумо имконияти як маротиба пур кардани Грин Кортро дар як сол доред ва агар такроран пур кунед аз ҳаққи иштирок дар лоторея маҳрум мегардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *