«Stand Up-и Хуҷанд» дар бораи чӣ мегӯяд?
Телевизиони “Азия HD” дар ютубканали “Территория юмора ТРК Азия” қисми панҷуми барномаи ҳаҷвии «Stand Up-и Хуҷанд»-ро нашр намуд.
Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо ҳам рӯз аз рӯз жанри «Stand Up” рушд карда истодааст. Ва яке аз далелҳои ин пайдоиши барномаи «Stand Up-и Хуҷанд» мебошад.
Барномаи мазкур наздики як соату 40 дақиқа буда, дар он чанд ҳаҷвнигор баромад мекунанд. Нахуст, ровии он доир ба шинохта шудани жанри «Stand Up” дар Тоҷикистон, хусусан Хуҷанд ёдовар шуда, қайд мекунад, ки рӯз то рӯз ҳаводорони ҳаҷв дар баробари саҳнаҳои ҳаҷвӣ инчунин ба жанри нав таваҷҷуҳ доранд.
Чун анъана мавзӯи «Stand Up” иҷтимоӣ-фарҳангӣ аст ва ҳаҷвнигорони барномаи мазкур ҳам дар баромадҳои худ зиёдтар доир ба мушкилоти иҷтимоӣ сухан кардаанд. Масалан, яке аз онҳо — Алишер Шамсиев дар бораи муаммоҳои хизмати ҳарбӣ ва оилаву оиладорӣ гуфт.
Гуфтан бамаврид аст, ки барномаи ҳаҷвии «Stand Up-и Хуҷанд» дар қолаби барномаи «Stand Up”-и Телевизиони “ТНТ” таҳия шуда, итминон аст, ки барои ба майдони ҳаҷв омадани насли нав мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ