Standard and Poors: Даромади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи поин аст
Бар асоси пешгӯии агентии байналмилалии Standard and Poors дар соли 2019 Маҷмӯи Маҳсулоти Нохолис бар ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон танҳо 850 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин нишондиҳанда яке аз пасттарин дар миёни кишварҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Тибқи хулосаи мутахассисони агентии Standard and Poors, ба далели мизони воридот барои ниёзҳои сохтмони неругоҳи Роғун нишондодҳои буҷетӣ ва иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса ба соли 2018 бадтар шудаанд.
Ба навиштаи ин агентӣ, ҳамчунин ба маротиб зиёд будани мизони воридот нисбат ба содирот ва вобастагӣ ба пулҳои муҳоҷирони корӣ ба нишондоҳои Маҷмӯи Маҳсулоти Нохолиси Тоҷикистон асар гузоштааст..
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ