Стерлинг вазнашро иваз мекунад

Алҷамейн Стерлинг, чемпиони UFC дар вазни 61 килограмм ба мухлисону ҳаводорони муҳорибаҳои омехта эълони ғайриинтизор кард.

Варзишгари муҳорибаҳои омехта ва дар ҳоли ҳозир чемпиони UFC  Алҷамейн Стерлинг дар як суханронии худ гуфт, ки пас аз муҳориба бо Шон О Мелли ба вазни нимсабуки UFC мебарояд.

— Муҳорибаи дар пеш истода барои ман охирин муҳориба дар вазни 61 кило мешавад. Ман тасмимамро гирифтаам, хоҳ ғолиб шавам, хоҳ мағлуб, пас аз он ба вазни нимсабук мебароям, зеро вақтҳои охир барои ман кам кардани вазн душвор шудааст,- гуфт варзишгар.

Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Алҷамейн Стерлинг ва Шон О Мелли дар доираи мусобиқаи UFC 292 таърихи 19-уми августи соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *