Стивен Сегал намояндаи вижаи Русия дар Амрико
Вазорати умури хориҷии Русия Стивен Сегал, ҳунарпешаи маъруфи амрикоиро, намояндаи вижаи Русия дар умури робитаҳои башардӯстона бо Амрико таъйин кардааст.
Ба Стивен Сегал, ки дар якҳарбаи шарқӣ маҳорати зиёд дорад, соли 2016 шаҳрвандии Русияро доданд. Ӯ сиёсатҳои раиси ҷумҳур Владимир Путин ва аз ҷумла ишғоли нимҷазираи Қримро тарафдорӣ кардааст.
Ӯ соли 2016 ҳамчунин шаҳрванди Сербистон шуд. Мақомоти Украина Стивен Сегалро барои панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум кардаанд. Ҳунарпешаи 66-сола бо иҷрои нақшҳои зиёд дар филмҳои размӣ дар охири солҳои 1980 ва аввали 90-уми қарни гузашта шӯҳрати зиёд дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ